Дар маҳфили «Тавозун» «Марҳилаи якуми ташаккули Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 11.10.2018/АМИТ «Ховар»/. «Марҳилаи якуми ташаккули Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021»- таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе маҳфили журналистикаи иқтисодии «Тавозун» баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, коршиносони масоили иқтисодию молиявӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма /ВАО/ иштирок намуданд.
Ҳадафи баргузории маҳфили «Тавозун» бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО ба роҳ мондани муҳокимаи фаъоли буҷети миёнамуҳлати давлатӣ ҳамчун воситаи муҳими молиявии амалигардонии сиёсати иҷтимоӣ- иқтисодии мамлакат мебошад.
Дар он муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова, коршиносони маҳаллӣ оид ба банақшагирии стратегӣ Лола Қудусова ва дигар таҳлилгарону намояндагони ВАО атрофи банақшагирии стратегӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷриба ва рушди он, марҳилаи стратегии таҳияи Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2021 ва дигар паҳлуҳои афзалиятноки раванди таҳияи Буҷети давлатӣ ва татбиқи он дар самти рушди дурнамои иқтисодиёти мамлакат ва беҳдошти вазъи иҷтимоии ҷомеаи кишвар ибрози назар намуданд.
Зикр шуд, ки Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола аз ҷониби Парлумони мамлакат баъд аз баррасиҳои тӯлонӣ тасдиқ карда мешавад, хусусияти иҷтимоӣ дорад, зеро беш аз 50 фоизи ҳаҷми Буҷети давлатӣ барои рушди бахши иҷтимоии мамлакат – илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ равона карда мешавад.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки маҳфили мазкур бо ибтикори созмони ҷамъиятии «Хома» бо мақсади фароҳам овардани замина ҷиҳати табодули афкору таҷриба дар инъикоси масоили иқтисодӣ дар ВАО-и кишвар гузаронида шуд.
Назар ба иттилои роҳбари созмони ҷамъиятии «Хома» Шаҳло Акобирова, дар доираи маҳфили «Тавозун» мунтазам вохӯриҳо оид ба муҳокимаи масъалаҳои мубрами иқтисодӣ миёни намояндагони ВАО, коршиносони байналмилалӣ ва ватанӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, олимон ва таҳлилгарон гузаронида мешаван








ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






