Дар Панҷакент оид ба таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон конфронси байниминтақавӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 19.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19 октябр дар шаҳри Панҷакент конфронси байниминтақавии «Рушди минтақаҳо ва таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон» баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, конфронси мазкур бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент, олимону ҳунармандон ва меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат хоҳад гирифт.
Дар назар аст, ки иштирокчиёни конфронс ҳамзамон аз оромгоҳи асосгузори адабиёти классикии тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Маҷмааи фарҳангӣ-эҷодии ба номи Лоиқ Шералӣ, Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихиву кишваршиносӣ боздид карда, дар намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ иштирок намоянд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






