Дар Тошканд ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 12.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Тоҷикистонро Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал –полковник Шералӣ Мирзо намояндагӣ дорад.
Имрӯз сарони ҳайати сохторҳои мудофиавии кишварҳои ИДМ-ро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳузур пазируфт.
Шавкат Мирзиёев ташрифи сарони ҳайати Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ-ро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки «дар ҳақиқат ИДМ – ин ҳамон майдонест, ки барои мо аз ҳарвақта дида заруртар аст. Ӯзбекистон солҳои тулонӣ дар ҳайати ИДМ ширкат дорад, аммо чунин ҳамкории мутақобилан судманд, ки имрӯз ба назар мерасад, аз ин пеш дида намешуд».
Пеш аз мулоқот вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ ба пояи муҷассамаи «Модари мотамдор», ки ба хотираи 400 ҳазор нафар сарбозони дар Ҷанги дуюми ҷаҳон қурбонгаштаи Ӯзбекистон бунёд шудааст, гулчанбар гузоштанд.
Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ бори аввал аст, ки дар Тошканд мегузарад ва раисии онро Вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Шойгу ба уҳда дорад. Ба лоиҳаи Рӯзномаи ҷаласа 20 масъала ворид карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласаи мазкур, аз ҷумла, баррасии вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ, вазифаҳои афзалиятноки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, самтҳои рушди ҳамкории ҳарбӣ байни давлатҳои ИДМ, дурнамои системаи муттаҳидаи назорати вазъияти радиологӣ, кимиёвӣ ва биологӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тавре Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад, ҳамчунин дар мулоқоти мазкур масъалаҳо оид ба ҳамкорӣ дар самти таъмини парвозҳои ҳавопаймоии қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои ИДМ, татбиқи Консепсияи рушди системаи ягонаи давлатии шинохти радиолокатсионӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти низомӣ, гузаронидани чорабиниҳои муштарак бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон баррасӣ хоҳанд шуд.
Аъзои Шӯро ният доранд, ки нақшаи кории шӯроро барои соли 2019 қабул намоянд, ҳуҷҷатҳоро оид ба системаи алоқаи муштараки қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои ИДМ, таъминоти иттилоотӣ оид ба фаъолияти қувваҳои мусаллаҳ дар давраи то соли 2022, ҳамкорӣ дар самти баҳрнавардӣ, геотехникӣ, геодезия, метрология ба имзо расонанд, чораҳои муштараки системаи муштараки ҳавоӣ дар кишварҳои ИДМ барои соли 2019-ро тасдиқ намоянд ва инчунин як зумра масъалаҳои дигарро дида бароянд.








Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид






