Маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- 2018» ифтитоҳ гардид

Октябрь 20, 2018 10:34

ДУШАНБЕ, 20.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- 2018» ифтитоҳ гардид.  

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории он иттилоъ медиҳад, озмун бо мақсади тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ, муаррифии молу маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва афзун намудани иқтидори содиротии мамлакат бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Агентии «Тоҷикистандарт» ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад.

Дар озмуни мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода  ва намояндагони дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ  иштирок намуда, аз маҳсулоти ба намоишгузоштаи  корхонаҳое, ки ба даври хотимавӣ роҳ ёфтаанд, дидан намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар озмун 484 субъекти хоҷагидор фаъолона ширкат варзиданд, ки аз ин шумора 88 – тои он ба даври финалӣ роҳ ёфта, имрӯз маҳсулоти истеҳсолии худро ба намоиш гузоштанд.

Мавриди зикр аст, ки озмун аз соли 2008 инҷониб дар 2 сол як маротиба гузаронида мешавад.

Гузориши муфассал аз ҷараёни ҷамъбасти  Озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- 2018»  дар сомонаи АМИТ «Ховар» пешниҳод мешавад.

 

Октябрь 20, 2018 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд