«МАВҚЕЪ»: Барномаи таҳлилии Хуршеди Ховар (Ҳамдам) дар Радиои «FM Ховар». Нашри чордаҳум
Душанбе мизбони сарони ҳукуматҳои (сарвазирони) кишварҳои аъзои СҲШ аст. Ин дар ҳолест, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз 8 то 10 октябр дар шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистон баргузор гарид.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин нишаст ҷонибҳо масоили вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти Созмон, аз ҷумла масъалаҳо ва лоиҳаи ҳуҷҷатҳои бисёрҷонибаро ҷиҳати омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои (сарвазирони) кишварҳои аъзои СҲШ баррасӣ карданд.
СҲШ 15 июни соли 2001 таъсис шуда, Тоҷикистон аъзои фаъоли ин созмони байналмилалӣ мебошад. Дар таъсис ёфтани Созмони ҳамкории Шанхай (минбаъд- СҲШ) пеш аз ҳама, фаъолияти «Панҷгонаи Шанхай», ки дар асоси Созишномаҳо байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи таҳкими чораҳои боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи сарҳад аз соли 1996 ва дар бораи ихтисори муштараки қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад аз соли 1997 ташкил шуда буд, таҳкурсии асосӣ гузоштааст. Суоли матраҳ ин аст, ки Тоҷикистон дар фаъолияти СҲШ чӣ нақше дорад?
Шореҳи мо Хуршеди ХОВАР (Ҳамдам) дар барномаи нави муаллифӣ ва таҳлилии «Мавқеъ» дар Радиои “Ховар” бо ширкати директори Маркази тадқиқоти стратегии нази Президенти Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар, мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Малика Саидмуродова ва коршиноси масоили созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СҲШ Амридин Шарипов кӯшидааст, то ба ин суол посух бигирад.