Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Мухаммедкали Абилгазиев
ДУШАНБЕ, 11.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз мулоқоти Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Мухаммедкали Абилгазиев, ки барои иштирок дар дар кори ҷаласаи навбатии Шўрои Сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ба Душанбе ташриф овардааст, баргузор шуд.
Ҷонибҳо дар мулоқот масоили рушду тавсеаи ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистонро ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи узвият дар Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ намуданд.
Доир ба таҳкими ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика,истифодаи захираҳои об, инфрасохтори роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, илму техника, маориф ва фарҳанг, таҳкими кори комиссияҳои муштараки байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва марзи байнидавлатӣ, ҳамчунин густариши ҳамкориҳои байниҳамдигарии минтақаҳои наздисарҳадӣ низ табодули афкори судманд доир гардид.








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






