Намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар Ассамблеяи Иттиҳоди байнипарлумонӣ иштирок мекунад

Октябрь 13, 2018 11:40

ДУШАНБЕ, 13.10.2018/АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар шаҳри Женеваи Швейтсария Ассамблеяи 139-и Иттиҳоди байнипарлумонӣ /ИБ/   ва ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори  20-умин солгарди таъсиси гурӯҳи геополитикии «Евразия»-Иттиҳоди мазкур доир мегардад. Интизор меравад, ки дар ин ҷаласаҳои тантанавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро узви гурӯҳи миллии парлумонии Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди байнипарлумонӣ Наргис Раҳмонова намояндагӣ намояд.

Иттиҳоди байнипарлумонӣ соли 1889 таъсис ёфта, ба ҳайати он 178 кишвари ҷаҳон шомил буда, 12 созмони байналмилалии парлумонӣ мақоми аъзои ассотсиатсияшудаи онро доранд.

Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 узви ин созмони байнипарлумонӣ аст. Мақоми олии Иттиҳод Ассамблея ба ҳисоб меравад, ки дар як сол ду маротиба даъват карда шуда, дар кори он бештар аз 1300-1500 ҳайати парламентҳо ширкат меварзанд. Иттиҳоди байнипарлумонӣ дорои чор кумита: оид ба масъалаҳои сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, оид ба рушди устувор, молия ва савдо, доир ба демократия ва ҳуқуқҳои инсон ва оид ба корҳои Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

Гурӯҳи геополитикии «Евразия» соли 1998 дар Конфронси 100-уми Иттиҳоди Байнипарлумонӣ дар шаҳри Москва таъсис ёфтааст. Ба он  кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомиланд. 

 

Октябрь 13, 2018 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид