Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ пешниҳод намуд, ки дар Москва мактаби тоҷикӣ кушода шавад
ДУШАНБЕ, 26.10.2018./АМИТ «Ховар»/. Талабот ба мактаб бо забони тоҷикӣ дар шаҳри Москва барои сокинони Тоҷикистони муқими ин шаҳр зиёд аст. Ин нуктаро Президенти Академияи илмҳо, раиси Кумитаи палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ 25 октябр дар шаҳри Москва, дар доираи ҳамоиши «Вазъ ва дурнамои ҳамкории иҷтимоӣ – гуманитарии Россия ва Тоҷикистон: илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ» иброз намуд.
Академик Раҳимӣ гуфт, ки барномаи таълимии тоҷикиву русӣ шабеҳи ҳам аст: «Дирӯз мо бо намояндаҳои ҷамъиятҳои бурунмарзӣ ва ҳамватаноне, ки дар Россия фаъолият мекунанд, мулоқот доштем. Онҳо як хоҳиш карданд: дар Москва ё вилояти Москва мактаби тоҷикӣ кушода шавад. Аз Шӯрои Федератсия, Вазорати маориф ва дигар мақомот хоҳиш мекунем, ки ин масъала баррасӣ карда шавад».
Ӯ таъкид намуд, ки дар Москва ва атрофи он қариб 300 ҳазор шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекунанд.
«Фарзандони онҳо ба таълими забони тоҷикӣ, таърих, ҷуғрофия, адабиёти Тоҷикистон эҳтиёҷ доранд. Шояд дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ лоиҳаи санҷишии муштараки «мактаби рӯзҳои истироҳатӣ»-ро ба роҳ монем. Биёед, андеша кунем ва роҳе пайдо намоем, то фарзандони мо забони модарии худро фаромӯш накунанд»,- илова намуд Фарҳод Раҳимӣ.
Ба андешаи ӯ, талабот ба забони тоҷикӣ аз ҷониби Россия низ ҳаст: «Дар заминаи ин мактаб мо метавонем давраҳои омӯзишии забони форсӣ ва дарӣ барои шаҳрвандони Россияро ба роҳ монем. Зеро бо забони мо дар Эрон ва Афғонистон ҳам гуфтугӯ мекунанд».
Дар посух ба ин пешниҳоди ҳамкасби худ муовини аввали раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Россия оид ба илм, маориф ва фарҳанг Лилия Гумерова зикр намуд, ки бунёд ва ифтитоҳи мактаб дар муддати кӯтоҳ ғайриимкон аст, «аммо тариқи мактабҳои рӯзҳои истироҳат ё ташкили синфхонаҳои алоҳида» амалӣ намудани ин иқдом имконпазир аст.
«Мо ҳатман ин масъаларо баррасӣ менамоем ва якҷоя мушаххас мекунем, ки ин гуна марказҳоро чӣ гуна бунёд созем. Фикр мекунам ин пули дӯстии хубе хоҳад буд»,-шарҳ дод Л.Гумерова
Ёдовар мешавем, имрӯз дар Тоҷикистон 185 мактаб бо забони русӣ фаъолият менамоянд ва дар назар аст, ки Россия боз панҷ мактаби дигар бунёд намояд.








Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид






