Роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ дар Душанбе дурнамои таҳкими ҳамкории гумрукиро баррасӣ намуданд

Октябрь 4, 2018 15:34

ДУШАНБЕ, 04.10.2018/АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи 68-уми  Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ баргузор гардид. Ба иттилои  хабарнигори  АМИТ  «Ховар», дар он  роҳбарону намояндагони мақомоти  гумруки  кишварҳои  ИДМ иштирок намуда, масъалаҳои муҳими  марбут ба дурнамои таҳкими ҳамкории гумрукиро дар доираи ИДМ баррасӣ намуданд.

Ҷаласаро Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки ҷаласаи 68-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ дар Душанбе дар ҳоле доир мегардад, ки соли равон аз таъсиси Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ, ки  23 декабри соли 1993 созмон  дода шудааст,  25 сол сипарӣ мегардад.

Дар ин росто, Хуршед Каримзода иштирокдорони ҷаласа –роҳбарону намояндагони мақомоти гумруки ИДМ-ро бо ин санаи муҳим  табрик намуда, таъкид кард, ки ҳадаф аз бургузории ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ дар Душанбе ҳамоҳангсозии фаъолияти гумрукӣ  ва ҳалли проблемаҳои умумии мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ мебошад.

Ҳамзамон дар ҷаласа муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ  Сергей Иванов зикр кард, ки рӯзномаи  ҷаласаи 68-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти гуруки кишварҳои ИДМ фарогири 11 масъалаи муҳим мебошад, ки ҳалли онҳо ба ҳамкории минбаъдаи  самарабахши мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ мусоидат менамоянд.

Аз ҷумла, роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ дар ҷаласаи 68-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ баъд аз шунидани  маълумоти котиботи Шӯро оид ба ҷараёни иҷрои  қарорҳои  дар ҷаласаи 67-уми Шӯро қабулгардида,  лоиҳаи технологияи  намунавии ҳамкорӣ байни мақомоти гумрук ва интиқолдиҳандагон  тавассути роҳҳои  оҳани   давлатҳои ИДМ ҳангоми амалиёти гумрукӣ (ба  расмиятдарории гумрукӣ)  ва назорати гумрукии молҳое, ки  тавассути  нақлиёти роҳи оҳан интиқол дода мешаванд,  баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон дар ҷаласа лоиҳаи талаботи  намунавӣ барои амнияти иттилоотии системаҳои  иттилоотӣ ва захираҳои  мақомоти  гумруки кишварҳои ИДМ, иштироки  мақомоти гумруки ИДМ  дар лоиҳаи озмоишии   Созмони ҷаҳонии гумрук /СҶГ/ доир ба васеъ истифода намудани забони русӣ дар фаъолияти СҶГ, ҳамзамон ворид намудани  тағйиру иловаҳо  ба нашри русии системаи ҳамоҳангсозии  шарҳ ва рамзгузории  молҳо, номгӯи  моли фаъолияти иқтисоди хориҷии ИДМ матраҳ шуда, доир ба онҳо қарорҳои  марбута қабул гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки бо дарназардошти моҳияти равандҳои ҳамгироӣ дар дохили Иттиҳод, самти фаъолияти Шӯрои  роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ  аз ҳамоҳангсозии қонунгузории гумрукӣ,  ташаккули  механизмҳои самарабахши   танзими тарифӣ ва ғайритарифӣ,   таҳияи тавсияҳо оид ба  содагардонии  муқаррароти гумрукӣ  ва расмиёти он,   таҳияи шаклҳои ҳуҷҷатҳо барои  таъмини назорати  гумрукӣ ва ба расмиятдарории  гумрукии мол,  ҳамоҳангсозии ҳамкории  амалии гумрукӣ  ва дигар мақомоти манфиатдори  миллии ИДМ  дар самтҳои асосии сиёсати гумрукӣ,  ташкили  табодули  маълумоти омори гумрукии савдои хориҷӣ дар доираи  ИДМ, таҳияи барномаҳои  стратегӣ оид ба таъмини мақомоти гумруки ИДМ бо   воситаҳои техникии  назорати гумрукӣ  ва ҳамоҳангсозии  ҳамкории гумрукӣ ҷиҳати  таҷдид ва навсозии  дидбонгоҳҳои гумрукии  наздисарҳадӣ нигаронида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки   дар асоси регламенти тасдиқгардида, ҷаласаҳои Шӯрои роҳбарони  мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ   дар як сол ду маротиба  бо навбат дар яке аз кишварҳои ИДМ  баргузор мегардад. Инчунин дар ҷаласаи 68-уми Шӯрои  роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои  ИДМ  раис ва котиби Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ таъйин гардида,  нақшаҳои  кории Шӯрои роҳбарони  мақомоти гумруки давлатҳои ИДМ ва Кумитаи роҳбарони  ҳифзи ҳуқуқи зерсохтори Шӯрои  роҳбарони  мақомоти гумруки  кишварҳои ИДМ  барои соли 2019 тасдиқ карда шуданд.

Интизор меравад, ки соли 2019 Ҷумҳурии Қирғизистон мизбони  баргузории ҷаласаи 69-уми  Шӯрои  роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ  гардад.

                                                    Марзия САИДЗОДА,
                                                               АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 4, 2018 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 22 фоиз сармоягузории ба рушди Шабакаи нақлиётии АвруОсиё равонашуда ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рост меояд
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мегардад
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш меёбад
Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти энергияи барқароршаванда байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд
ИСЛОҲОТ ДАР НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ. Тоҷикистон фазои маъмуриро барои соҳибкорону сармоягузорон мусоидтар намуд
Дар Тоҷикистон кадом бахши кишоварзӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ пурра озод мебошад?
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Роҳи мошингарди «Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ» навсозӣ мешавад
Лоиҳаи Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон нахустин лоиҳаи неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт татбиқ карда мешавад
Байни Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва UNDP оид ба коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо созишнома ба имзо расид
Аз 1 январ раёсат дар Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ ба Тоҷикистон гузашт