Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд

Октябрь 11, 2018 14:50

ДУШАНБЕ, 11.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Меҳмони олиқадрро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Ба ифтихори истиқболи меҳмони олиқадр дар фурудгоҳ парчамҳои Тоҷикистон ва Чин барафрохта шуда, инчунин қаровули фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ  саф ороста буданд.

Дар доираи сафари расмӣ Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян дар кори ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои (сарвазирони) Созмони Ҳамкории Шанхай, ки 12 октябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, иштирок менамояд.

 

Октябрь 11, 2018 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд