Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ дар синни 72-солагӣ даргузашт

Октябрь 11, 2018 07:00

ДУШАНБЕ, 11.10.2018./АМИТ «Ховар»/. Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ дирӯз, 10 октябр дар зодгоҳаш ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар синни 72-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» хабарнигори минтақавии мо иттилоъ дод. Гуфта мешавад, ки маросими дафни шоир имрӯз, соати 8-и субҳ баргузор мешавад.

Нурмуҳаммад Ниёзӣ 20 сентябри соли 1946 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) таваллуд шудааст. Ӯ таҳсилро дар мактаби миёнаи зодгоҳаш оғоз карда, дар шаҳри Хуҷанд анҷом додааст.

Дастпарвари факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) буда, ду сол дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст.

Нурмуҳаммад Ниёзӣ фаъолияти меҳнатиашро чун омӯзгор оғоз бахшида, баъдан дар Кумитаи телевизион ва радиои вилоят ва ҳафтаномаи «Маданияти Тоҷикистон» ба ҳайси мухбир кор кардааст. Чанде ходими Маркази тарғиби адабиёт, солҳои 1989-1994 котиби масъули шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Аз соли 1994 Иттиҳодияи адибони ҷавони вилояти Суғдро роҳбарӣ ва роҳнамоӣ мекард.
Офаридаҳои шоир тавассути китобҳои «Ниҳоли навбар», «Санги сабз», «Сафари шаҳри ишқ», «Оташи санг», «Аз ҳама дур», «Офтоби сӯхта», «Сафари шаҳри ишқ», «Васли танҳо», «Зангӯла зан!», «Реша дар санг», «Дарёи дигар» ба дасти хонанда расидаанд. Ӯ муаллифи манзумаҳои «Ангораи тавонгардил», «Тахти тоҷик» ва шеъри машҳури «Тоҷикам» мебошад.

Соли 2012 Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил (Хуҷанд) «Девони ғазалиёт»-и ӯро дастраси хонандагон намудааст.

Нурмуҳаммад Ниёзӣ аз соли 1980 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Ӯ барои китоби шеърҳои «Аз ҳама дур» сазовори Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ гаштааст. Нурмуҳаммад Ниёзӣ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 бо Ордени «Шараф» ва соли 2012 бо унвони фахрии «Шоири халқии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

АМИТ «Ховар» ба наздикону пайвандони Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва алоқамандони шеъри ӯ ҳамдардии амиқ изҳор намуда, дар ин мусибати сангин барояшон сабри ҷамил мехоҳад. Дар зер шеъри машҳури шоири маҳбубро пешниҳоди хонандагон месозем.

Нурмуҳаммад Ниёзӣ

ТОҶИКАМ

Тоҷикам, ман тоҷикам, ман тоҷикам,
Бо Ватан ҳамҷону ҳамтан тоҷикам.
Хуни ман хуни ниёкони ман аст,
Ҳамнажодам бо Таҳамтан, тоҷикам.
Пири тӯсӣ сарнавиштамро навишт,
Коваю Баҳрому Бежан, тоҷикам.
«Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме»,
Аз дили ту в-аз дили ман, тоҷикам.
Ман Самарқанду Бухоро, ман Хуҷанд,
Ман Душанбе, тахти меҳан тоҷикам.
«Маснавӣ» Қуръони ман бо паҳлавист,
Сирри найро кард равшан, тоҷикам.
Ман ба халқони ҷаҳон бахшидаам,
Аз бузургон чанд сад тан, тоҷикам.
Рӯдакӣ чун уд бигрифту навохт,
Дигарон карданд шеван, тоҷикам.
Фонии ман шуд Навоӣ дар Ҳирот,
Бо ҳама ман шӯҳратафкан, тоҷикам.
Мавлавӣ бигрифт сар то пои Рум,
Бо сурудан, дурр бисуфтан тоҷикам.
Халқи озар бо Низомӣ шод монд,
Хусрави Ширини арман, тоҷикам.
Хоки Деҳлӣ бӯи Бедил мекунад,
Булбули сад боғу гулшан, тоҷикам.
Чун Ғанӣ бо атри Кашмир зиндаам,
Мисли Шоҳин, мисли Маъдан, тоҷикам.
Панди Саъдӣ кохи дунё зеб дод,
Шуд мунаққаш, шуд музайян, тоҷикам.
Ҳафт дарё, ҳафт кишвар бигзарам,
Нақши ман бошад муайян, тоҷикам.
Ман нарафтам аз паси Темури Ланг,
Ман накардам қасди куштан, тоҷикам.
Аз ҳунар, аз ақл, аз фарзонагӣ
Бар танам пӯшида ҷавшан, тоҷикам.
Турфа ширин аст лафзи тоҷикӣ,
Ҳам шакар, ҳам шаҳд бишкан, тоҷикам.
Ҷомаҳо бар қадди дунё дӯхтам,
Лек урёнам чу сӯзан, тоҷикам.
Шоиронам ахтарон гардидаанд,
Хира мебинам зи равзан, тоҷикам.
Ифтихор аз Оли Сомонам чӣ дод?
Дар ғами имрӯз ҷонкан, тоҷикам.
Ман гиребонгири худ гардидаам,
Нест парвозам зи душман, тоҷикам.
Дигарон маснаднишин аз ман шуданд,
Бо худам мӯкан ва рӯкан тоҷикам.
Ман на шамшере кашидам зидди ғайр,
Худкушам, теғам ба гардан, тоҷикам.
Як қадам то вартаи марг аст, лек
Мекашам худро зи доман, тоҷикам.
Ин манам, мурғи самандар, ин манам,
Ман намемирам зи мурдан, тоҷикам.
Ман худамро мекашам бар дори худ,
Нестам помоли душман, тоҷикам.
Сӯгвориҳои ман аз худкушист,
Об созад оҳам оҳан, тоҷикам.
Ҳар кӣ ҳастам рӯ наметобам зи худ,
Сарбаландам, ҳам сарафкан, тоҷикам.

Октябрь 11, 2018 07:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд