Таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат ҷаласаи ситоди корӣ оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон доир гардид
ДУШАНБЕ, 19.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷиҳати таъмини омодагии комили соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 ҷаласаи ситоди корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои асосии омодагии ҳамаҷонибаи сохторҳои марбута дар доираи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтаззам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъмини сокинон бо неруи барқ, гармӣ, ангишт, маводи озуқа, таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт, сари вақт бартараф намудани ҳолатҳои табиии эҳтимолӣ ва дигар самтҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, масъулини марбута барои рафъ кардани мушкилоти ҷойдошта муваззаф шуданд.
Сарвазири мамлакат иброз дошт, ки масъулон ва ниҳодҳои дахлдорро зарур аст барои иҷрои бетаъхири дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди бе мушкилӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 тадбирҳои зарурӣ андешанд.








Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад






