«ТИЛЛОИ САФЕД»– БА ВАТАН! Дар майдонҳои пахтаи вилояти Суғд 60 рӯзи меҳнати зарбдор эълон гардид
ХУҶАНД, 02.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 20 рӯз мешавад, ки дар ҳафт ноҳияи пахтакори вилояти Суғд чиниши пахта муташаккилона идома дорад. Тибқи маълумоти раёсати кишоварзии вилоят, то 1 октябри соли равон пахтакорони вилоят 49254,9 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки ин ба 37,9 фоизи нақшаи солона баробар аст.
Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», дар маркази маъмурии Суғд- назди майдони «Ситораҳои Хуҷанд»-и шаҳр бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷамъбасти давраи аввали 20- рӯзаи мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакори вилоят дар мавсими имсолаи ҷамъоварии ҳосили пахта доир гардид.
Тибқи иттилои манбаъ, дар 20-рӯзаи аввали пахтачинӣ дар сегонаи пешқадам пахтакорони шаҳри Конибодом (51,9%) ва ноҳияҳои Мастчоҳу (44,2%) Бобоҷон Ғафуров (42,6) қарор дошта, дар байни ҷамоатҳо Ҷамоати шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ беҳтарин дониста шуданд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки соли ҷорӣ бо назардошти аҳамияти стратегӣ доштани пахта майдони умумии он дар вилоят қариб 7 ҳазор гектар зиёд карда шуда, соли равон истеҳсоли 130 000 тонна пахта дар назар аст.
Раҷаббой Аҳмадзода пешниҳод намуд, ки баҳри сари вақту беталаф ҷамъоварӣ намудани «тиллои сафед» дар майдонҳои пахтаи вилоят 60 рӯзи меҳнати зарбдор эълон карда шавад.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба шарафи ғолибон «Парчами шараф» барафрохта шуда, ба онҳо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






