Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Давҳа иштирок намуд

Октябрь 12, 2018 16:45

ДУШАНБЕ, 12.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Давлати Қатар-шаҳри Давҳа аввалин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ватанӣ дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, кишоварзӣ, дорусозӣ, истеҳсоли маводи рӯзгор, лавозимоти сохтмонӣ, маҳсулоти ороишӣ, инчунин таълими касбӣ ва хидматрасонии сайёҳӣ аз 8 то 10 октябри соли 2018 баргузор гардид. Дар намоиши байналмилалӣ ширкату корхонаҳои Тоҷикистон –ҶДММ «Ноқили Талко», ҶСП «Оби Зулол», корхонаи муштараки «Аввалин» ва ҶДММ «Реал» маҳсулоти ватаниро муаррифӣ намуданд.

Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ 360 ширкату корхонаҳои истеҳсолӣ аз давлатҳои Қатар, Тоҷикистон, Кувайт, Уммон, Марокаш, Тунис, Алҷазоир, Туркия, Эрон, Покистон, Озарбойҷон ва Урдун иштирок намуданд.

Дар ҳошияи намоишгоҳ Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Таъмини рушди босуботи иқтисодӣ дар ҳамкорӣ бо Қатар» доир гардид. Дар кори он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло   Ҳикматуллозода ширкат варзид.

Дар конфронс роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар бораи фазои сармоягузорӣ, иқтидори саноатию содиротии Тоҷикистон ва соҳаҳои афзалиятнок маълумот дода, доир ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, ҷалби сармоягузориҳо, нақлиёт ва коммуникатсия ибрози андеша намуд.

Зимни ҳамоиш мулоқоту музокироти судманди намояндагони ширкату корхонаҳои Тоҷикистон бо соҳибкорони Қатар ва дигар кишварҳои хориҷӣ, ки ба рушди ҳамкории тиҷоратӣ ва воридоти маҳсулоти миллии Тоҷикистон алоқаманданд, баргузор гардиданд.

Октябрь 12, 2018 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад