«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ИМКОНИЯТҲО». Таҳти ин ном дар Брюссел Ҳамоиши сармоягузорӣ доир гардид

Октябрь 30, 2018 09:16

ДУШАНБЕ, 30.10.2018./АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Брюссел, пойтахти Белгия Ҳамоиши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ таҳти унвони «Тоҷикистон: кишвари имкониятҳо»  баргузор шуд.  Дар Ҳамоиши мазкур намояндагони воломақоми идораҳои мухталифи Иттиҳоди Аврупо,  масъулони мақомоти кишвари иқомат, роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои мухталиф ва доираҳои соҳибкорӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ВАО-и Подшоҳии Белгия, Подшоҳии Нидерланд ва Ҳертсогии Бузурги Люксембург ширкат варзиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд.

Чорабинии фавқуззикрро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода ифтитоҳ намуд ва ба ҳозирин дар бораи пешрафти соҳаҳои мухталифи кишвар, бахусус бахшҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва сайёҳии он иттилоъ дод. Имконоти сармоягузории кишвар ва муҳимтарин бахшҳои сайёҳию барои сармоягузори ҷолиби Тоҷикистон ба ҳозирин, аз он ҷумла намояндагони ширкатҳои мухталифи сайёҳию тиҷоратии кишварҳои зери назар расонида шуд.

Аз ҷумла, зимни суханронии Намояндаи доимӣ иттилои муфассал оид ба лоиҳаҳои бахшҳои сармояталаби кишвар, аз қабили имкониятҳо дар бахшҳои энергетика, саноат, маъданҳои табиӣ, кишоварзӣ, тавлиди доруворӣ дар шакли рӯнамоӣ манзур гардид.

Намояндаи доимӣ ва маърӯзачиён дар мавзӯи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон суҳбат намуда,  дар робита ба тағйироту таҳаввулоти дар фазои сармоягузории кишвар ба амаломада ва имтиёзоти сармоягузорон ибрози андеша намуданд ва зарурати ҳамкории босамар бо Тоҷикистонро таъкид доштанд.

Як қисмати муҳими чорабинӣ, ки ба эълон шудани Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон бахшида шуда буд, мавриди  таваҷҷуҳи амиқи ширкаткунандагони Ҳамоиш гардид. Бахусус, ба намоиш гузоштани мусаввараҳои рассоми тоҷик Қодир Раҳимов, пешниҳоди навори видеоӣ дар бораи манзараҳои дилчаспу нотакрори сайёҳии кишвар ва сӯзаниҳои ҳунармандони тоҷик ҳозиринро ба ваҷд оварданд.

Меҳмонони Ҳамоиш таъкид карданд, ки ошноӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва табиати дилпазири он имкониятеро барои боздид аз кишвар ва ҳамкорӣ бо он фароҳам меорад.

Октябрь 30, 2018 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд