«ТОҶИКИСТОН-РОССИЯ: БО РОҲИ ДӮСТӢ ВА СОЗАНДАГӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе намоиши таърихӣ-ҳуҷҷатӣ бахшида ба таърихи муносибот миёни ду давлат ва мардумони онҳо баргузор мегардад

Октябрь 31, 2018 14:00

ДУШАНБЕ, 31.10.2018./АМИТ «Ховар»/. 21-22 ноябр дар шаҳри Душанбе  намоиши таърихӣфарҳангии  «Тоҷикистон-Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ», ки ба таърихи муносибатҳо миёни ду давлат ва мардумони онҳо бахшида шудааст, баргузор мегардад.

Имрӯз таҳти раёсати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки намоиш дар  он баргузор мешавад, ҷамъомади Гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ва баргузории ин чорабинии муҳим доир гардид.

Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, фарҳанг, Осорхонаи миллӣ ва Сарраёсати бойгонӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазоратҳо ва идораҳои марбутаи Федератсияи Россия масъули омодасозӣ ва баргузории намоиши мазкуранд.

Намоиш 22 ноябр дар Осорхонаи миллӣ бо иштироки намояндагони роҳбарони парлумонҳо ва ҳукуматҳо, инчунин ходимони машҳури илму фарҳанги ду давлат ифтитоҳ меёбад. Дар ин маросим паёмҳои шодбошии Президентони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Россия Владимир Путин ба иштирокдорон ва меҳмонони намоиш расонида шуда, инчунин китоб-феҳраст бо фарогирии пурраи номгӯи нигораҳои намоиш муаррифӣ мегардад.

Дар доираи намоиш конференсияи илмии байналмилалӣ бахшида ба 110-солагии академик, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки аз замони барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Россия — 8 апрели соли 1992 наздик ба 200 шартномаи байнидавлатӣ ва созишномаҳои дуҷониба дар самтҳои гуногун ба имзо расидаанд. Шартнома оид ба дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки байниҳамдигарӣ байни  Тоҷикистон ва Россия (соли 1993) ва «Аҳднома дар бораи ҳамкории иттифоқии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба асри XXI нигаронидашуда (1999) ҳуҷҷати сиёсии заминавӣ ба ҳисоб меравад.

Аз моҳи марти соли 2002 Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ амал мекунад. Ҷаласаи  15-уми он 20 апрели соли 2018 дар шаҳри Москва баргузор гардид. Тоҷикистон ва Россия ҳамчунин дар доираи ИДМ, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкорӣ менамоянд.

Октябрь 31, 2018 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид