Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар самти тавсеаи робитаҳои гуногунсоҳа дар минтақа кадамҳои устувор мегузоранд

Октябрь 5, 2018 14:01

ДУШАНБЕ, 05.10.2018/АМИТ «Ховар»/. Айни замон муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии  Ҳиндустонро беш аз 60  санади ҳамкории  байниҳукумативу байниидоравӣ ба танзим медароранд. Ин дар ҳолест, ки  интизор меравад рӯзҳои 7-9 октябри соли равон Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон  Шри Рам Натх Ковинд бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда,  бо роҳбарони баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот намуда, самтҳои афзалиятноки робитаҳои ду давлатро баррасӣ намояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ,  28 августи соли 1992 бо Ҷумҳурии Ҳиндустон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд. Соли 1994  Сафорати Ҳиндустон  дар пойтахти Тоҷикистон ва соли 2003  Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати худро дар Деҳлӣ ифтитоҳ намуд. То ба имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон шаш маротиба — солҳои 1993, 1995, 2001 сафари  расмӣ ва солҳои 2006, 2012 ва 2016  сафари давлатӣ анҷом додааст. Зимни ин сафарҳо чандин  созишномаю санадҳои байнидавлатӣ  дар бахшҳои гуногун-  иқтисод, тиҷорат, тандурустӣ, кишоварзӣ, варзиш, сайёҳӣ, фарҳанг, маориф ва илму технология ба имзо расидаанд, ки ҷиҳати таҳкими дурнамои ҳамкории гуногунсоҳаи  ҳар ду давлат мусоидат менамоянд.

Хусусан сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 декабри соли 2016 ба Ҷумҳурии Ҳиндустон идомаи муколамаи доимии байнидавлатии роҳбарияти ду кишвар арзёбӣ гардид. Дар ҷараёни сафари давлатӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони баландпояи Ҳиндустон дидору мулоқот намуда, роҳҳои густариши ҳамкории  гуногунсоҳаи мутақобилан судманди  Тоҷикистону Ҳиндустонро  баррасӣ карданд. Бояд тазаккур дод, ки мулоқот бо роҳбарони баландпояи Ҳиндустон  ва вохӯрии ҳайатҳои ҳар ду ҷониб, ки дар фазои анъанавии дӯстона, созандагӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифтанд, ба таҳкими минбаъдаи равобити мутақобилан судманди Душанбе ва Деҳлӣ такони ҷиддӣ бахшид. Мавзӯи мулоқоту музокирот зимни сафари давлатии

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон моҳи декабри  соли 2016- ин таъйини роҳҳо ва воситаҳои густариш ва таҳкими минбаъдаи равобити дуҷониба, иҷрои созишномаҳо ва аҳду паймони қаблан ҳосилгашта буд.

Зимни  сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон  санадҳои ҳамкории байнидавлатӣ ба имзо расонида шуданд, ки қадами муассирест дар самти  татбиқи имконоти васеи ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, зеро Тоҷикистон хоҳони ба сатҳи сифатан наву баланд баровардани ҳамкорӣ бо Ҳиндустон дар соҳаҳои тиҷорат, ҷалби сармоя  ба  иқтис вади кишвар мебошад.

Ҳамзамон сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҳиндустон  дар таърихи муносиботи ду кишвари дӯст мақоми шоиста касб намуд.

Боздиди ҳайати баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  аз Ҳиндустон моҳи декабри соли 2016 барои таъмини дурнамои неки ҳамкории  Тоҷикистону Ҳиндустон ва  таҳкиму густариши минбаъдаи онҳо дар арсаҳои мавриди манфиати тарафайн аз ҳар ҷиҳат бамавриду судманд буд. Ҳамкории ду давлат ҳамзамон дар доиаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/ густариш меёбад.

Ин дар ҳолест, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди, ки дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои  аъзои СҲШ  моҳи июни соли равон  дар шаҳри Чиндаои Чин доир гардида буд, таъкид дошта буданд, ки «ҳамёрии кишварҳо дар чорчӯбаи СҲШ боз як омили пешбурди ҳамкории созандаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон хоҳад шуд».

Мусаллам аст, ки Тоҷикистону Ҳиндустон ҳамкориро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ, инфрасохтори роҳу нақлиёт, телекоммуникатсия, технологияҳои иттилоотӣ, дорусозӣ, фарҳангу маориф ва туризм, инчунин ҳарбӣ-техникӣ беш аз пеш тақвият дода, онҳоро аз самтҳои афзалиятнок ва ояндадори муштаракоти байнидавлатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон арзёбӣ менамоянд.

Ду кишвар имкон доранд дар соҳаҳои мазкур тавассути иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги сармоягузорӣ, сохтмон ва таҷдиди неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, роҳҳо ва иншооти зерсохтории Тоҷикистон ҳамкориро густариш бидиҳанд. Дар ин замина ҷалби сармояи Ҳиндустон ба лоиҳаҳои хурду бузурги Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзӣ, фармасевтика, телекоммуникатсия, технологияҳои иттилоотӣ ва туризм ба манфиат аст. Байни ду кишвар  Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳиндустон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ таъсис дода шудааст, ки  дар густариши равобити дуҷонибаи байнидавлатӣ нақши бориз мегузорад.  То ба имрӯз  нуҳ ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба ҳамкории  тиҷоратию иқтисодӣ  ва илмию техникӣ гузаронида шудааст.

Дар асоси омори расмӣ,  табодули мол байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар шаш моҳи соли 2018  8,2 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар ин давра ба Тоҷикистон аз Ҳиндустон гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, чой, қаҳва, биринҷ, доруворӣ,  коғаз ва картон, ришта ва нахи кимиёвӣ, металл ва сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, таҷҳизоти механикӣ, техника, таҷҳизоту дастгоҳҳои оптикӣ  ворид шудаанд.

Ҳиндустон дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон саҳми чашмрас дорад. Ҳар ду кишвар барои тақвияти равобити иқтисодию тиҷоратӣ саъю талош менамоянд. Баргузории намоишгоҳҳои молу маҳсулоти корхонаю ширкатҳои тавлидотии Ҳиндустон дар шаҳрҳои Тоҷикистон, вохӯрии доираҳои расмӣ ва соҳибкорони  ҳар ду давлат, татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ҷалби сармояи Ҳиндустон ба иқтисоди Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон мебошад.

Инчунин аз ҷониби Ҳиндустон Неругоҳи барқи обии «Варзоб-1», фурудгоҳи низомии Айнӣ таҷдид шуда,  дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаи панҷситорадори «Sheraton» бунёд гардидааст. Шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон, ки номи шифохонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустонро дорад, моҳи октябри соли 2014 ба фаъолият шурӯъ намуд. Он бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон сохта ва бо таҷҳизоти муосири муоинавию муолиҷавӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар доираи тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон  дар кишвари мо корхонаю ширкатҳои муштарак  фаъолияти худро дар соҳаҳои гуногун ба роҳ мондаанд.

Ҳамзамон байни ду давлат роҳи ҳавоӣ барқарор гардидааст, ки тавассути он ҳафтае як маротиба аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон “Тоҷик Эйр” дар масири Душанбе-Деҳлӣ парвоз анҷом дода мешавад.

Тоҷикистон имкон дорад ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро бо Ҳиндустон дар бахшҳои истифодаи технологияи компютерӣ, саноати кимиёвӣ, энергетика, ташкили корхонаҳои хурд барои истеҳсол, консервакунонӣ ва нигоҳдории шарбати мева, афшурдаи сабзавот, ташкили корхонаҳои муштараки бастабандӣ барои чойи ҳиндӣ дар Тоҷикистон, ҷалби сармоя барои  таҷдиди корхонаҳои нассоҷӣ,  коркарди пӯсту чарм ва истеҳсоли маҳсулот аз он, саноати дорусозӣ, рушди саноати заргарӣ, сайёҳӣ, маориф,  истихроҷ ва коркарди сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо,  металлҳои сиёҳ ва ранга, истеҳоли тамоку ва дигар соҳаҳои афзалиятнок   ба роҳ монад.                                       

Мардумони тоҷику ҳиндро аз қаъри асрҳо робитаҳои нек ва  муштаракоти анъанавии  таърихию фарҳангӣ бо ҳам мепайванданд. Даҳҳо нобиғаҳо, олимону донишмандон, файласуфҳо,  шоирон ва мутафаккирони барҷастаи  тоҷикзабон дар сарзамини Ҳинд ба камол расидаю фаъолият ва эҷод кардаанд, ки мероси адабии онҳо дар ташаккули тамаддуни ҷаҳон ҷойгоҳи арзишманд дошта,  оромгоҳашон зиёратгоҳи кулли форсизабонони ҷаҳон гардидааст.

Мирзоабдулқодири Бедил, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Зебуниссо   ва боз даҳҳо нобиғаю мутафаккирони барҷастаи илму фарҳанги тоҷик дар сарзамини шоирпарвари Ҳинд кору зиндагӣ намудаанд.

Дар шароити кунунӣ ҳамкории  илмию фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон беш аз пеш густариш ёфтааст. Дар Тоҷикистон Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон фаъолият менамояд, ки дар таҳкими равобити фарҳангии ду кишвар ва тарғиби адабиёт ва фарҳанги Ҳинд саҳми босазо мегузорад. Барои баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони тоҷик ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Чумҳурии Ҳиндустон курсҳои мухталиф дар доираи барномаи омӯзиши ҳамкории иқтисодӣ (ITEC) ва Шӯрои муносибатҳои фарҳангии Ҳиндустон (ICCR) дар он кишвар гузаронида мешаванд.

Инчунин дар факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуъбаи забони ҳиндӣ амал мекунад, ки ҷиҳати омода намудани мутахассисон-донандагони забони ҳиндӣ саҳми калон мегузорад. Алҳол дар донишгоҳҳои Тоҷикистон беш аз 330 нафар шаҳрвандони Ҳиндустон дар риштаҳои гуногун таҳсил менамоянд. Иштироки мутахассисону донишмандони тоҷику ҳинд дар конфронсу ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва

Деҳлӣ доир мегарданд, баёнгари таҳкими робитаҳои илмию фарҳангии ду сарзамин аст.

Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистону Ҳиндустон дар кишварҳои ҳамдигар равзанаест дар шинохт ва муаррифии  санъати нотакрор ва фарҳанги қадимаи ҳар ду давлат. Санъати рақсу мусиқӣ ва синамои ҳиндӣ дар байни мардуми тоҷик аз маҳбубияти хосса бархурдор аст. Дар ин росто,  дар назди Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон Маркази фарҳангӣ фаъолият менамояд, ки дар он ба дӯстдорони санъати рақсу мусиқӣ, забони ҳиндӣ ва йога аз ҷониби мутахассиони ҳиндӣ омӯзиш дода мешавад.

Дар Тоҷикистон марказҳои илмию фарҳангӣ ва тиббии Ҳинудстон фаъолият доранд, ки аз тавсеаи робитаҳои судманди илмию фарҳангии ду давлат башорат медиҳанд. Ҳамзамон дар кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе нимпайкараи яке аз ходимони  барҷастаи сиёсию ҷамъиятии Ҳиндустон, доҳии мардуми Ҳинд Маҳатма Гандӣ (1869-1948)  гузошта шудааст.

Парда аз рӯи нимпайкараи Маҳатма Гандӣ  соли 2003 дар доираи сафари собиқ Сарвазири Ҳиндустон Атал Биҳари Ваҷпай ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  бардошта шуд, ки таҷассумгари дӯстиву бародарӣ, рафоқат ва ҳамдилии мардумони тоҷику ҳинд ва тарғибгари ақидаҳои инсондӯстона ва  озодихоҳонаи Маҳатма Гандӣ мебошад. Ҳамзамон дар доираи сафари давлатии Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди 13 июли соли 2015  дар гулгашти кӯчаи Бухоро нимпайкараи яке аз шахсиятҳои бузурги Ҳиндустон, шоир ва нависандаи машҳури Ҳинд  Робиндранат Такур (1861-1941) гузошта шуд.

Дар  маросими пардабардорӣ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди ҳузур доштанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи нимпайкараи шоир ва нависандаи бузурги Ҳинд Робиндранат Такурро дар шаҳри Душанбе рамзи пайвандгари тамаддуни халқҳои тоҷику ҳинд арзёбӣ карданд. Гузоштани нимпайкараҳои шахсияҳои барҷастаи  сиёсию адабии Ҳинд дар Душанбе баёнгари тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманди Душанбе ва Деҳлӣ мебошад.

                                             Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 5, 2018 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Шараф Шерализода бо Намояндаи доимии Донишгоҳи сулҳ дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд
Намояндагони Олмон оид ба бахши сайёҳӣ ба Тоҷикистон меоянд
Шурои роҳбарони агентиҳои иттилоотии ИДМ барои мусоидат ба инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе қарор қабул намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд беш аз 100 намояндаи ВАО сабти ном гардид
Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои башардӯстона баррасӣ шуд
Дар Женева ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх муҳокима гардид
Дар Берлин бо фаъолони диаспораҳо аз минтақаҳои мухталифи Олмон, Лаҳистон ва Чехия мулоқот доир гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» тақвият медиҳанд
ФОРУМИ ЗАНОНИ ОСИЁ-2024. Ҳайати Тоҷикистон масъалаҳои муҳими гендерӣ ва нақши занон дар ҳаёти ҷомеаро баррасӣ менамояд
Дар Дубай дар мавзуи «Ҷашни Наврӯз ва нақши он дар ташаккули худшиносии миллӣ» конфронси илмӣ доир шуд
Дар Теҳрон машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид
Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Конвенсияи Рамсар доир ба мавзеъҳои обию ботлоқӣ баррасӣ шуд