ТУ ШАҲРИ ОРЗУҲОӢ, ДУШАНБЕ! Пойтахти кишвари тоҷикон макони дӯстдоштаи сайёҳон гардидааст

Октябрь 23, 2018 09:17

ДУШАНБЕ, 23.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳри Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи сайёҳӣ буда, барои рушди соҳаи сайёҳӣ инфрасохтори мукаммал беш аз пеш хизмат мерасонад. Шаҳри Душанбе, ки ба макони баргузории чорабиниҳои байналмилалии сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ мубаддал гаштаааст, ҳамзамон барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ин васила мустаҳкам кардани имиҷи кишвар ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ба рушди соҳаи сайёҳии пойтахт мавҷудияти ҷойҳои таърихӣ, ёдгориҳои бостонӣ ва меъморӣ, муассисаҳои табобатию профилактикӣ мусоидат менамоянд. Дар ин бора дар Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 омадааст.  

Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки айни замон дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 40 меҳмонхона ба сокинон ва меҳмонони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд. Ҳамзамон мавҷудияти зиёда аз 10 боғи фарҳангу фароғатӣ, се боғи ҷумҳуриявӣ дар маркази пойтахт макони сайру саёҳати сокинон ва сайёҳон гаштааст.

Боғҳои «Низомиддин Алишер Навоӣ» ва «Аҳмади Дониш»,  ки чанде пеш бо тарҳи хеле зебо бунёд шудаанд, яке аз маконҳои дӯстдоштаи сокинону сайёҳон гардидааст. Дар ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе боз як макони зебо ва сайругашти сокинону сайёҳон- боғи Сангин, ки дар он маҷмааи «Истиқлол ва озодӣ» сохта мешавад, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ин боғ яке аз калонтарин боғҳо ба ҳисоб рафта, бо санъати баланди меъмории миллӣ ва бо сифати баланд бунёд мегардад.

Ба андешаи коршиносон, Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» дар оянда ба макони таърихӣ, фарҳангӣ ва сайру гашти сокинону сайёҳон табдил ёфта, боз як гӯшаи шаҳри Душанбе ободу зебо мегардад.

Бино ба маълумоти Кумитаи рушди сайёҳӣ, айни замон як қатор ширкатҳои сайёҳӣ хатсайрҳои гуногунро ба минтақаҳои сайёҳии мамлакат, аз ҷумла мавзеъҳои диданибоби шаҳри Душанбе, Душанбе-Қалъаи Ҳисор, Душанбе-Сафеддара, Душанбе-Норак, Душанбе-Искандаркӯл, Душанбе-Варзоб, Душанбе-Ромит, Душанбе-Муъминобод, Душанбе-Панҷакент, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Шаҳритуз, Душанбе-Бадахшон мунтазам роҳандозӣ намуда истодаанд.

Дар ҳудуди шаҳри Душанбе 3 ёдгории бостонӣ-қалъаи Мир (Боғи Ирам), димнаи Шишахона, шаҳраки Чормағзтеппа, қалъаи Искандартеппа, 4 ёдгории монументалӣ, аз қабили Маҷмааи меъмории Ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино, муҷассамаи Абӯабдуллои Рӯдакӣ, маҷмааи меъморӣ ва монументалии Садриддин Айнӣ ва 12 ёдгории меъморӣ мавриди баҳрабардории сокинону меҳмонон қарор дода шудаанд.

Дар шаҳр зиёда аз 62 тарабхона, 70 қаҳвахона, 156 ошхонаи миллӣ, 5 маркази дилхушӣ, 9 хизматрасонии хушкашӯӣ, 2 чойхона, 59 муассисаи табобатию профилактикӣ барои қабули меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки давоми се соли оянда, яъне то ҷашни 30-солагии Истиқлолият ба таври илова дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба 378 иншооте, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои бо қарори Ҳукумат тасдиқгардида сохта мешаванд, қариб 18 900 иншооти нав бунёд мегарданд. Аз ин шумора ба шаҳри Душанбе 3530 адад рост меояд.

Бояд зикр намуд, ки тавре дар Стратегияи рушди сайёҳӣ таъкид шудааст, яке аз масъалаҳои муҳими баромадан ба бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ- ин узвият ба созмонҳо, ташкилоти бонуфузи ҷаҳонии сайёҳӣ ва иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ маҳсуб мешавад.

Яке аз чунин ташкилотҳо-Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ мебошад, ки раёсаташро шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин пеш мебарад. Зиёда аз 130 шаҳри дунё ва 70 узви институтсионалӣ аз ҳисоби ширкатҳои калони сайёҳӣ, ассотсиатсияҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ. шабакаҳои меҳмонхона ва истироҳатгоҳҳо шомили федератсияи мазкур мебошанд.

Хушбахтона, шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи мазкур дар ҷаласаи Федератсияи ҷаҳонии туристӣ (WTCF), ки аз 7 то 9 сентябри соли равон дар шаҳри Чиндаои Чин баргузор гардид, пазируфта шуд.

Ба андешаи коршиносони соҳаи сайёҳӣ, узвияти шаҳри Душанбе ба Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва гузаронидани таҳлилҳои маркетингӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020 ва нақшаи чорабиниҳои татбиқи он тасдиқ гардидааст. Инчунин бо мақсади тараққӣ додани инфрасохтори сайёҳӣ ва аҳамияти он дар рушди иқтисодиву иҷтимоии пойтахт Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ  таъсис дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки  бо мақсади муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии мамлакат  ва фароҳам овардани имконият ҷиҳати таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт 18 -19 августи соли равон   дар пойтахти  мамлакат нахустин бор Фестивали тобистонаи Душанбе «Dushanbe Summer Fest» дар сатҳи баланд баргузор  гардид.

Тавре дар Стратегияи рушди сайёҳӣ дарҷ шудааст, шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии мамлакат дорои таърихи қадимӣ ва  захираҳои бойи сайёҳӣ буда, барои рушди соҳаи сайёҳӣ инфрасохтори мукаммал хизмат мерасонад.

Мавриди зикр аст, ки ҳадафи олии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳии кишвар ба ҳисоб меравад.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 23, 2018 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар конфронси байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
«Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва бедор кардани эҳсоси ҳифзи марзу бум нақши муассир дорад», — бардошт аз ҳамоиш дар Кумитаи рушди сайёҳӣ
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Чиндао Бинҳайи Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария муаррифӣ шуданд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
Хатсайрҳои сайёҳӣ бо мақсади шиносоӣ бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст шуданд
Дар Исфара оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар рушди сайёҳӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботӣ – интихоботӣ доир гардид
РОҒУН-ШАҲРИ ПИСАНДИДАИ МЕҲМОНОН. Дар нуҳ моҳ беш аз 7 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ба тамошои он омаданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил гардиданд
Дар Кувайт зарфияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид