Бо шарофати Конститутсия ҷаҳониён Тоҷикистонро шинохтанд
ДУШАНБЕ, 05.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Қабули Конститутсия имкон фароҳам овард, ки мардуми ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи тоҷикро чун мардуми бунёдкору сулҳпарвар ва фарҳангию меҳмоннавоз шиносанд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи рушди