АНОРИ КАЛОНИ «КАРОН»! Боғдорони Дарвоз парвариши навъи анореро ба роҳ монданд, ки вазни ҳар донааш як килограмм аст
ХОРУҒ, 20.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сокини деҳаи Рузвайи ноҳияи Дарвоз Раҳмиддин Наҷмиддинов зиёда аз 20 сол аст, ки ба парвариши дарахтони ситрусӣ машғул буда, аз ҳисоби пайвандкунӣ пайваста ба бозор навъҳои нави анор ворид мекунад. Тирамоҳи имсол ин боғпарвари соҳибтаҷриба боз як намудаи дигари анорро ба бозор баровард, ки вазни як донааш то ба як килограмм мерасад. Шарҳи хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” Файз МИРАСАН.
Ба гуфтаи ин боғбон, аксарияти меваҳо ба ҷуз таъми ширину бомазза, ҳамчунин ҳар намудашон хусусиятҳои хоси шифобахшӣ доранд. Аз ин рӯ дар бозор харидорони зиёд пайдо мекунанд. Навъи нави анори «Карон» барои бемороне, ки дарди гурда ё санги гурда доранд, хеле фоидовар мебошад. Анори «Хотунӣ» ҳам, ки бештар ба бемориҳои фишорбаландию қанд даво мебахшад, талабгорони зиёд дорад.
Номбурда мегӯяд, ки «солҳои пеш дар ин як- якуним гектар замин сабзавот кишт мекардам, аммо аз фурӯши он фоидаи кам ба даст меомад. Баъдан бо тавсияи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ин қитъаи заминро ба боғ табдил додам ва дар баробари дигар намудҳо зиёда аз 100 бех ниҳолҳои анор шинондам. Ҳоло танҳо аз фурӯши меваи 5 ё 6 тан дарахти анор эҳтиёҷоти солонаи оилаи худро бо орд таъмин мекунам».
Ноҳияи Дарвоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ягона ноҳияест, ки иқлимаш ба парвариши меваҳои субтропикӣ мутобиқ аст ва сокинони ин ноҳия дар ҳамкорӣ бо олимони Институти биологии Помир солҳо боз ба парвариши дарахтони лимӯ, анору анҷир ва хурмо машғул мебошанд.









Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






