Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баланд бардоштани сифати таҳсил мақоми хос дорад. Муовини аввали ректори ин муассисаи олӣ дар ин бора бо мухбири АМИТ «Ховар» суҳбат орост
ДУШАНБЕ, 24.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Илму дониш дар миёни мардуми мо аз қадим мақоми хос дошт ва мардуми бофазлу ҳунари тоҷик ба ин манбаи маърифат ҳамеша арҷ мегузоштанд. Ин нуктаро 1 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллаӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил баён доштанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи ин суханони ибратомӯз ва дурандешонаи худ иброз доштанд: «Мо низ бояд суннатҳои неки гузаштагонамонро эҳтиром намоем, аз усулҳои муосири таълиму тарбия истифода кунем, доираи донишу маърифат ва камолоти маънавии насли навраси кишварамонро тавсеа бахшида, дар зеҳни онҳо эҳтиром ба муқаддасот ва рукнҳои давлатдориро ҷой намоем, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ҳисси баланди миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонем».
Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба сатҳу сифати таълими донишҷӯён дар яке аз бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат — Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муовини аввал, муовини ректори ин муассиса оид ба таълим Тоир Хоҷаев ҳамсуҳбат шуд.
«Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки соли 1948 бо номи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таъсис дода шуд, солҳои аввал дорои 3 факултет буд ва дар он 250 нафар донишҷӯ таҳсил мекарданд. Соли равон аз таъсис ёфтани он 70 сол сипарӣ гардид. Имрӯз донишгоҳ дорои 19 факултет ва 117 кафедра мебошад. Дар донишгоҳ зиёда аз 24 ҳазор нафар донишҷӯён дар шуъбаҳои рӯзонаву ғоибона таҳсил дошта, қариб ҳазору чорсад нафар устодони дорои дараҷаҳои гуногуни илмӣ ба онҳо дарс мегӯянд»,- иброз дошт Тоир Хоҷаев
Бояд зикр намуд, ки сол ба сол сифати таҳсили донишҷӯён дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Зеро, – ёдовар шуд Тоир Хоҷаев, – ба гуфтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «доираи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон васеъ гардида, шавқу рағбати онҳо ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар зиёдтар гардидааст».
Ин пешравӣ, — гуфт муовини аввал, муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба таълим, — пас аз пурра ба системаи кредитӣ гузаштани ҳамаи мактабҳои олӣ, аз ҷумла, Донишгоҳи мо ба даст омад.
«Масалан, дар соли хониши имсола аз 14 ҳазор донишҷӯёни дар системаи кридитӣ таҳсилкунанда 96,2 % ва дар гурӯҳҳои анъанавӣ таҳсилкунанда 91,5 % азхудкунии дониш ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондиҳандаи баланд рафтани сифати таҳсил нисбат ба солҳои қаблӣ мебошад», — илова намуд Тоир Хоҷаев.
Имрӯз барои баланд бардоштани сифати таҳсил, ки яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарордошта мебошад, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон корҳои зиёде амалӣ гардидаанд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ синфхонаҳои компютерӣ ташкил карда шуда, усулҳои анъанавие, ки қаблан мавҷуд буданд, пурра аз байн рафтанд. Ин раванд ба донишҷӯёне, ки дар системаи нав таҳсил мекунанд ва тамоми санҷишҳои худро дар назди компютер месупоранд, муфид мебошад.
Номбурда илова намуд, ки «имрӯз донишҷӯе, ки давоми 8 ҳафта дар ҳамаи дарсҳо иштирок мекунад ва фаъол аст, 100 хол мегирад. Ин миқдор дар 8 ҳафта 12, 5 балӣ тақсим карда шуда, аз чунин меъёрҳо, ба монанди иштирок дар дарс, бо ҷузвдон омадан, лексия навиштан, дар дарсҳои семинарӣ фаъол будан, реферат навиштан ва ғайра иборат мебошад».
Бояд гуфт, ки ҳамаи ин корҳо ба воситаи журнали электроние, ки ҳар рӯз баҳо гузошта мешавад, амалӣ гардида истодаанд.
«Ин ба баланд гардидани сифати таҳсил ва сатҳи дониши донишҷӯён таъсири мусбати худро расонид. Зеро онҳо аллакай медонанд, ки танҳо барои иштирок дар дарс 1,5 бал мегиранд»,- гуфт Тоир Хоҷаев.
Бояд зикр намуд, ки имрӯз бо гузаштан ба таҳсилоти фосилавӣ қариб ҳамаи донишҷӯёни шуъбаи ғоибона ба ин система ворид шуданд. Яъне донишҷӯ дар ноҳияи дурдаст қарор дорад ва аз ҳамонҷо истода маводи худро омода мекунад, ба саволҳои додаи муалим ҷавоб мегӯяд ва он ба таври худкор дар компютер ворид мегардад.
Ба иттилои муовини аввал, муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳоло дар ин боргоҳи илму маърифат Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва таҳсилоти фосилавӣ таъсис дода шуда, тамоми имтиҳонҳои ҷамъбастӣ ба таври марказонидашуда қабул карда мешаванд. «Ғайр аз ин мо ҳамеша ба сифати таҳсил аҳамият ва афзалият медиҳем, на ба шумораи донишҷӯён. Зеро тавре яке аз нависандагони барҷастаи рус Лев Николаевич Толстой гуфтааст: «На шумораи дониш, балки сифати он муҳим аст. Шояд бисёр чизҳоро метавон фаро гирифт, аммо на чизи аз ҳама заруриро».
Пас аз ташкил намудани маркази мазкур ба ҳар як факултет масъул гузошта шуда, тамоми саволномаҳои имтиҳонӣ аз тарафи марказ ба факултетҳо равон карда мешаванд. Ғайр аз ин, ҳоло ҳамаи санҷишу имтиҳонҳо дар назди компютер супорида мешаванд»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ҳоло, — гуфт Тоир Хоҷаев, – барои ҳамаи ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ адабиёти зарурӣ бо забони давлатӣ мавҷуд мебошанд. Аз ҷумла, дар як сол Шӯрои методии донишгоҳ зиёда аз 200 китоби дарсиро ба чоп тавсия медиҳад.
Бояд ёдовар шуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои олии бонуфуз дар дохил ва хориҷи мамлакат мебошад. Дар ин донишгоҳ мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои иқтисод, иҷтимоиёт ва сиёсату фарҳанг омода карда мешаванд, ки дар самтҳои афзалиятноки мамлакат фаъолият менамоянд.
Дар ин бора 10 сол пеш, 24 октябри соли 2008 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати 60-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфта буданд: «Ин боргоҳи илму маърифат ҳамчун яке аз марказҳои бузурги таълиму тарбияи кадрҳои миллӣ дар рушди илму маориф ва фарҳанги кишвари соҳибистиқлоли мо нақши хосса ва бузург дорад. Зеро ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки дар он хатмкардагони донишгоҳ фаъолияти пурмаҳсул надошта бошанд.
… Аз ҷумла ман низ хатмкардаи ҳамин боргоҳи маърифат ҳастам ва аз ин ифтихор дорам».
Тоир Хоҷаев дар партави ин суханони ибратомези Сарвари давлат гуфт: «Бо назадошти он, ки соли равон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ихтисоси туризм кушода шуд. Умед аст, ки дар ин ихтисос низ донишҷӯён бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар рушди сайёҳии мамлакат саҳм мегузоранд».
Ҳамасола донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва литсейи он дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, ки ин сабаби муаррифии илми тоҷик дар сатҳи ҷаҳон мешавад.
Яке аз мисолҳо он аст, ки як сол қабл хонандаи синфи 9 -и Литсейи равияи табиии риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ёсуман Исмонзода дар озмуни «Кӯдакони нобиға», ки 3 ноябр дар Москва баргузор гардид, миёни 250 нафар ширкаткунанда аз 11 кишвар мақоми аввалро соҳиб шуд. Ёсуман Исмонзода бо қобилияти фавқулода доварони барномаро шигифтзада кард: дар муддати аз ду дақиқа ҳам камтар 100 шумораи даҳӣ ва садиро ҷамъу тарҳ карда, ҷавоби дуруст дод.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 2017 зимни суханронӣ дар маросими баъди навсозӣ ба истифода супоридани Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ аз истеъдоди ин ҷавондухтари тоҷик — Ёсуман Исмонзода, ки дар озмуни «Кӯдакони нобиға» («GeniusKid-2017»)-и шабакаи телевизионии «Россия-1» ғалаба ба даст овард, изҳори таҳсину таҳният намуда, онро мояи ифтихор номиданд. Пас аз бозгашти Ёсуман Исмонзода бо ташаббуси Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода ва Шӯрои илмии ин боргоҳи илму маърифат ӯ аз супоридани шартномаи таҳсил озод карда шуд, ки ин ҳавасмандӣ ба хотири бештар намудани сафи чунин донишҷӯёни болаёқат мебошад.
Мавриди зикри хос аст, ки дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои хориҷӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултети муштараки Тоҷикистону Беларус (Донишгоҳи давлатии Беларус) таъсис дода шудааст. Дар ин факултет донишҷӯён аз рӯи 8 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
«Барномаи талимии ин факултет ба таври 2+2 бакалаврият аз ҷониби ҳарду донишгоҳ таҳия ва тасдиқ гардида, донишҷӯён 2 сол дар ДМТ ва 2 сол дар ДДБ таҳсил мекунанд. Ғайр аз ин, донишҷӯёни мо дар Германия, Федератсияи Россия ва даҳҳо кишвари олам дар риштаи магистратура, аспирантура ва докторантура таҳсил мекунанд»,- иброз дошт дар идомаи суҳбат Тоир Хоҷаев.
Ба иттилои муовини аввал, муовини Ректори ДМТ оид ба таълим, дар ин факултет инчунин баъзе дарсҳо тариқи онлайн сурат мегиранд ва омӯзгорон аз Донишгоҳи давлатии Беларус, ки бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкории хуб дорад, ба донишҷӯёни тоҷик дарс мегӯянд.
Аз ин гуфтаҳо ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифати таҳсил тадбирҳои мушаххас андешида шуда, дар амал татбиқ мегарданд. Ин тадбирҳо барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси рақобатпазир ба бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он муфид хоҳанд буд.
Тадбирҳои андешидашуда имкон медиҳанд, ки донишҷӯёни мактабҳои олии мамлакат, аз ҷумла, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба омӯхтани донишҳои замони муосир пардохта, дар рушди минбаъдаи давлатдории тоҷикон, алалхусус ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ саҳмгузор бошанд.
Тевре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли равон дар суханронии худ иброз доштанд: «Сатҳи маърифат, одобу ахлоқ ва саъю талоши насли имрӯза, яъне фарзандони замони истиқлолият моро ба ояндаи неки онҳо эътимод мебахшад. Итминон дорам, ки насли ояндасози мо минбаъд низ ба омӯзиши илмҳои муосир ва ҳифзи арзишҳои миллӣ эътибори бештар хоҳад дод».
Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»