Дар Душанбе ҷаласаи 75 -уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 75 -уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷаласаи мазкур намояндагони салоҳиятдори мақомоти марбут ба соҳаи оби давлатҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ –Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ифтитоҳ намуда, гуфт: «Имрӯз дар ҷаласа масъалаи истифодаи меъёрҳои тасдиқгардидаи обгирӣ аз ҳавзаҳои дарёҳои Сир ва Аму дар мавсими обёрии соли 2018 ва силсилаобанборҳо дар ин давра баррасӣ мегарданд».
Зикр шуд, ки иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои тасдиқи меъёри обгирӣ аз ҳавзаҳои дарёҳои Сир ва Аму дар давраи байнинашъунамои солҳои 2018-2019, иштироки аъзо ва сохтори иҷроияи Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ дар омодасозии Барномаи амал барои кумак ба кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал ва дигар мавзуъҳои марбут ба онро баррасӣ мекунанд.
Бояд тазаккур дод, ки Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ соли 1992 аз ҷониби ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар самти истифодаи захираҳои обии ҳавзаи дарёҳои Сир ва Аму созмон дода шудааст.
Дар як сол дар мамлакатҳои гуногуни Осиёи Марказӣ чор маротиба ҷаласаҳои ин Комиссия гузаронида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки пагоҳ, 28 ноябр аз ҷониби аъзои Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ протоколи ҷаласа ба имзо мерасад.








Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд






