Дар Душанбе масъалаҳои ташкили мониторинги фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима шуданд

Ноябрь 14, 2018 10:30

ДУШАНБЕ, 14.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъалаҳои ташкили мониторинги фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомад баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомади мазкур намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» иштирок намуданд.

Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова зимни ифтитоҳи ҷамъомад гуфт: «Дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 чор ҳадаф муайян шудааст. Яке аз ин ҳадафҳо таъмин намудани рушди Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ то 7-8 % мебошад. Барои ба ин нишондиҳанда расидан масъулияти хеле баланд лозим аст, чунки иқтисоди ҷаҳон танҳо 2 % зиёд шуда истодааст. Аз ин хотир, барои расидан ба ин ҳудаф ва таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти мамлакат нақши соҳибкорон ва сармоягузорон хеле муҳим мебошад. Ҳамаи заҳмат ва кӯшишҳои зикршуда ба хотири таъмин намудани сатҳи баландтари зиндагонӣ мебошад».

Гуфта шуд, ки мақсади ҷамъомади мазкур аз муҳокимаи стратегияву барномаҳои қабулшуда дар самти фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 октябри соли равон зимни суханронии худ  дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ — 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» зикр намуданд: «Ҳукумати мамлакат вобаста ба фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон ҳамасола ислоҳоти муҳимро дар самтҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла содагардонии расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорону сармоягузорон, такмили низоми андозбандӣ, содагардонии санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ амалӣ менамояд».

Зикр шуд, ки бо мақсади мукаммал гардонидани маъмурикунонии андоз ва андозбандӣ моҳи феврали соли ҷорӣ ба Кодекси андоз ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳои қабулшуда 30 номгӯй имтиёзу сабукиҳоро дар бар мегиранд, ки ба беҳтар гардидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодиёт ва соҳаи хизматрасонӣ равона карда шудаанд.

Иштирокдорони ҷамъомад инчунин атрофи мавзӯъҳои «Ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мониторинги барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020» ва «Саҳми «Амонатбонк» дар ташаккули фазои сармоягузорӣ» сухан гуфта, атрофи ин масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд.

 

Ноябрь 14, 2018 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад