Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ баррасӣ гардид

Ноябрь 27, 2018 09:20

ДУШАНБЕ, 27.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябри 2018 дар қароргоҳи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар шаҳри Женева мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири  кулли он Созмон Тедрос Адханом Гебрейесус доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимин мулоқот мусоҳиб аз талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи тандурустӣ огоҳ гардид. Ҳамзамон ба Мудири кулл пешниҳодҳои мушаххас роҷеъ ба ҳамкории оянда, аз ҷумла  аҳамияти ҳамкории тарафайн ҷиҳати татбиқи реформаи хизматрасонии тиббӣ, ҷиҳозонидани муассисаҳои тиббӣ, коҳиши фавти модару тифлон ва монанди онҳо пешниҳод гардиданд.

Ба Созмон пешниҳод шуд, то дар иқдомҳои Тоҷикистон марбут ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 саҳм гирад.

Бо чаҳорчӯби ҳамкорӣ бо Афғонистон пешниҳод шуд, ки Созмон аз имкониятҳои низоми тиббии кишвари мо васеъ истифода барад.  Бо дарназардошти ягонагии забон ва мавҷудияти кадрҳои баландихтисос дар Тоҷикистон ба Созмон пешниҳод гашт, то лоиҳаҳои сеҷонибаро таҳия ва роҳандозӣ кунад.

Дар навбати худ Мудири кулл аз рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ кард. Пешниҳодҳои Тоҷикистон барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ мавриди баррасии он Созмон қарор хоҳанд гирифт. Ба имкониятҳои кишвари мо барои рушди соҳаи тандурустӣ дар Афғонистон алоҳида тамаркуз карда шуд.

Дар охири суҳбат ҷонибҳо ба қароре омаданд, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои тадбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳо дар Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатӣ, бахусус Стратегияи миллии рушд то соли 2030 дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд кӯшишҳои зарурӣ ба харҷ хоҳад дод.

Ноябрь 27, 2018 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд