Форуми VI байнипарлумонии Тоҷикистону Россия, ҳамоиши ҳомиёни Ватан ва мубориза бо терроризм ,– шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 01.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор додашуда, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Федератсияи Россия, ки дар шаҳри Москва доир гардид, ин ҳафта дар матбуоти даврии ҷумҳурӣ ба таври васеъ инъикос ёфтаанд.
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» (31.10.2018, №212) аз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30 октябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, бо сарлавҳаи «Иттилоия» маълумоти муфассал пешниҳод намудааст.
Ш. Қурбон дар бораи идомаи корҳои созандагиву ободонӣ дар шаҳри Душанбе мақола навишта, зери сарлавҳаи «Душанбе. Сохтмони эстакадаи дуюм идома дорад» оид ба бунёди эстакадаи сесатҳаи дуюм дар пойтахти ҷумҳурӣ иттилоъ додааст. Муаллиф менависад, ки «амалисозии сифатноки лоиҳаи мазкур алоқаи нақлиётӣ ва муҳити сайёҳии бехатарро таъмин намуда, ба ҷомеаи васеи алоқамандон манфиатҳои иқтисодӣ меорад. Ғайр аз ин, сохтмони системаи нави рушдёфтаи ҳаракати нақлиёт аҳамияти стратегӣ дошта, барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Тоҷикистон ниҳоят муҳим мебошад».
«Терроризм. Бо ин зуҳуроти фоҷиазо муборизаи беамон мебояд!» навиштаи Ҳ. Воҳидов, прокурори вилояти Суғд, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 аст. Ӯ ба таҳлили мавзӯъ пардохта, зикр мекунад, ки «амнияти кишварҳои олам бинобар фаъол гардидани гурӯҳҳои ифротгарои хатарзо ва авҷ гирифтани амалҳои террористӣ дар ҳолати басо ногувор қарор дошта, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният тақозо менамояд, ки баҳри пешгирии роҳи ин гуна таҳдиду хатарҳо чораҳои қатъӣ андешанд». Муаллиф аз таҳлилҳо дар ин замина анҷомдодашуда ёдвар шуда, менависад, ки «дар сафи пеши ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, қабл аз ҳама, ташкилотҳои экстремистию террористӣ, аз қабили «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» (ҳоло «Ҳизби исломии Туркистон»), равияи динии «Салафия», гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ», ҷамоати «Ансоруллоҳ», иттиҳодияи «Ихвон-ул-муслимин», «Ҷундуллоҳ», ҲНИ, «Ҷамъияти таблиғ», «Бародарони мусулмон» ва ғайра қарор доранд, ки дар ҷумҳурӣ ба ҳар васила ба ташвиқу тарғиби ғояҳои ба мардуми мо бегона кӯшиш мекунанд».
Муаллиф аз ҷалби ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ мисолҳои мушаххас оварда, роҳҳову василаҳои ҷалби ҷавононро баррасӣ намудааст ва дар охир даъват намудааст, ки «бояд дар самти корҳои тарбиявӣ иқдомоти ҷиддитаре рӯи даст гирифт ва барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ дар деҳаҳои дурдасте, ки аз шароити маданию фарҳангӣ маҳруманд, марказҳои маданию фарҳангӣ, маҳфилҳои омӯзишӣ, бахусус касбомӯзӣ чораҳои амалӣ андешид».
Дар ин шумора ҳамчунин мақолаҳо ва гузоришҳои дигар бо сарлавҳаҳои «Як камарбанд як роҳ. Доираи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин васеътар мешавад», «Комбинати шири Душанбе. Маҳсулоти табиӣ баҳри солимии аҳолӣ», «Конститутсия санади муҳими таърихӣ» чоп шудаанд.
Нашрияи Маҷлиси Олӣ «Садои мардум» (30.10.2018, №131) ин шумораи худро ба Форуми VI байнипарлумонии «Тоҷикистон — Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ», ки 24-26 октябри соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, бахшида, аз ҷараёни он гузориши васеъ омода ва нашр намудааст.
Муаллифони гузориши васеъ Самариддин Асозода ва Неъматулло Алиев менависанд, ки қабл аз оғози кори Форум дар толори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо роҳбарону намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон ва соҳибкорони муқими Федератсияи Россия дидору мулоқот доир шуда, зимнан ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҳамватанони бурунмарзӣ, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳамияту нақши робитаҳои байнипарламентӣ дар татбиқи сиёсати созандаи Сарвари давлат бо Федератсияи Россия махсус таъкид гардид.
Ба навиштаи муаллифон, дар ҷараёни Форуми мазкур масъалаҳои гуногуни вобаста ба ҳамкории ду давлати шарики стратегӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд ва намояндагони парлумонҳои ҳар ду кишвар андешаҳову пешниҳодҳои худро иброз доштанд.
Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» (31.10.2018, №44) низ дар саҳифаи аввали худ аз маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарлавҳаи «Заседание Правительства Республики Таджикистан» гузориш нашр намуда, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъйиноти кадриро чоп кардааст.
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Сафар Эркаевро бо сарлавҳаи «Конституция – основной закон таджикского народа» нашр намудааст.
«Процедура повиновения перед законом главарей организованной преступной группы города Хорог» маводест, ки оид ба маросими савгандёдкунии саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии Хоруғ, Шуғнон ва Роштқалъа дар назди қонун маълумот медиҳад.
Дар ин шумора бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни мақолаи беҳтарин ҷамъбаст ва беҳтарин навиштаҳо рӯйи чоп омадаанд: «Национальная самобытность таджиков возрождена усилиями Лидера нации Эмомали Рахмона», «Наследник богатой «рубиновой горы», «Ковры ручной работы являются эталоном качества» ва «Жемчужина всемирного природного наследия».
Нашрияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷавонони Тоҷикистон» (01.11.2018, №44) шумораи навбатии худро ба Форуми ҷумҳуриявии хизматчиёни ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватӣ, ки 30-31 октябр баргузор гардид, бахшида, дар ҳошияи он мақолаю гузоришҳои зиёд нашр кардааст. Аз ҷумла, Хуршед Мавлон аз ҷараёни ин Форум гузориши тасвирӣ омода намудааст, Сангин Гулов, устоди ДМТ дар хусуси ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстии сарбозон андешаҳояшро рӯйи коғаз овардааст.
«Яке аз фарзанд безору дигар бар нохуни ӯ зор…Ё чӣ бояд кард, то фарзандон назди модарони хеш ва дар оилаҳои солим ба воя расанд?» мақолаи журналист Садбарги Раҳмиддин аст, ки дар он яке аз мушкилиҳои дардовари ҷомеа – беэътиноӣ ба фарзанди хеш ва ба хонаи кӯдакон супоридани онҳо, сабабҳо ва оқибатҳои даст задан ба ин кор мавриди таҳлил қарор дода шудааст.