ИМРӮЗ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ИТТИЛООТ. Иттилоот ба кадом хотир ва чӣ гуна ҳифз карда мешавад?
ДУШАНБЕ, 30.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тӯли 30 сол аст, ки дар ин рӯз, 30 ноябр, дар аксари кишварҳои олам Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи иттилоот таҷлил карда мешавад. Санаи мазкур аз ҷониби Ассосиатсияи таҷҳизоти компютерии ИМА соли 1988 таъсис дода шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маҷлиси ботантана бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик 10 марти соли 2012 асри 21-ро «асри иттилоот» номида буданд. Воқеан ҳам, имрӯз иттилоот ба яке аз унсурҳои асосии идоракунии давлат ва ҷомеа табдил ёфтааст.
Иттилоот чист, он ба кадом хотир ва чӣ гуна бояд ҳифз карда шавад? Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати бозрасии давлатии техникии Саридораи Ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод ЯҚУБОВ чунин баён дошт:
Қабл аз он ки дар бораи ҳифзи иттилоот маълумот бигирем, зарур аст пеш аз ҳама иттилоотро мухтасар шарҳ бидиҳем.
Иттилоот – аз калимаи лотинии information гирифта шуда, маънояш шарҳ додан, фаҳмондан аст. Аз нуқтаи назари дигар, иттилоот ин маълумот оид ба объектҳо ва зуҳурот мебошад, ки барои қабули қарор зарур аст. Таърифи нисбатан пурраи иттилоотро коршиносон чунин шарҳ додаанд: «Иттилоот ин маҳсули ҳам алоқамандии маълумот ва ҳам усулҳои коркарди он мебошад».
Дар фаъолияти ҳаррўзаи инсон дар ҳама сатҳ зарурияти кор кардан бо иттилоот ба миён меояд. Иттилоот маҷмўи рамзу ишораҳоро меноманд, ки дар бораи ягон ҳодиса, яъне оид ба предмет ва объект дониш ё маълумот медиҳад. Иттилоот илмест, ки дар он хосиятҳои умумии иттилоот ва коркарди он бо воситаи амалиёти техникӣ ва барномаҳо омўхта мешавад.
Пеш аз маълумот додан дар ин мавзўъ мо бояд мафҳуми система ва системаи иттилоотро шаҳр диҳем.
Система- гуфта маҷмўи предмет ва ҳодисаҳоро меноманд, ки онҳо аз рўи аломат, таносуби муайян ва вобастагии байни ҳамдигарӣ мураттаб карда мешавад.
Системаи итилоотӣ- бо тарзи муайян пешкаш кардани маҷмӯи маълумот дар коркарди он тавассути воситаҳои техникӣ барномаҳо ва программаҳоро меноманд. Мақсади ҳар як системаи иттилоотӣ аз он иборат аст, ки дар бораи ягон объект маълумотро дар шакли далелҳо ҷамъ оварда, онҳоро мавриди истифода қарор диҳад.
Нуқтаи муҳим ин аст, ки иттилоот дар шаклҳои худ гуногунияти зиёде дорад. Қисмате аз иттилоот оммавӣ буда, инсонҳо ба воситаи мутолиа аз васоити ахбори омма ва аз шабакаҳои интернетӣ ҳосил намуда, нисбати ҳодисаҳои бавуҷудомада афкори назар менамоянд. Аммо иттилооте, ки дорои хусусиятҳои махфияти хос мебошад, дастрас ба қишрҳои ҷомеа набуда, дар шакли махфият ҳифз карда мешавад. Ин нуқта дар моддаи 2 Қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот» чунин ифода гардидааст: «Ҳифзи иттилоот – маҷмўи чорабиниҳое мебошад, ки бо мақсади пешгирӣ намудани ихроҷ, дуздӣ, гумкунӣ, нобудсозии беиҷозат, ғалат маънидодкунӣ, тағйирдиҳӣ, сохтакорӣ, нусхабардории беиҷозат ва бастани роҳи паҳншавии иттилоот гузаронида мешаванд». Дар маҷмӯъ ин чорабиниҳое мебошанд, ки барои таъмини амнияти иттилоот равона мегарданд.
Мутобиқи Қонуни мазкур намудҳои иттилоот чунин гурўҳбандӣ карда шудаанд:
Иттилооти омории давлатӣ, оммавӣ, ҳуқуқӣ, оид ба шахсият, дорои хусусияти маълумотию энсиклопедӣ, ҳуҷҷатикунонида, мақомоти системаҳои давлатии идоракунӣ, иҷтимоишиносӣ, махфӣ, пинҳонӣ (конфиденсиалӣ).
Низоми ҳифзи иттилооти зикргардида гуногун буда, ҳар яки онҳо бо қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба танзим дароварда шудаанд.
Барои мисол, низоми ҳифзи иттилооти дорои сирри давлатӣ, ки моликияти истисноии давлат мебошад, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ба танзим дароварда мешавад. Иттилоот дар бораи шахс тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ», иттилоот дар бораи тиҷорат, дар бораи фаъолияти бонкӣ, дар бораи бемориҳои рӯҳӣ, нашъамандӣ, инфексионӣ, фарзандхонӣ ва дигарҳо бо қонунҳои дахлдори соҳавӣ ба танзим дароварда мешаванд. Қонунҳои зикргардидаи мақомоти давлатӣ, яъне вазорату идораҳо, муассисаҳои давлатӣ ва дигар субъектҳои ҳифзи иттилоотро муайян кардаанд, ки ўҳдадоранд қоидаҳо ва тартиби ҳифзи иттилоот, инчунин маҳдудиятҳоро ҳангоми кор бо иттилоот муқаррар намоянд.
Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот» яке аз роҳҳои танзим ва идоракунии соҳаи ҳифзи иттилоот ташкили сохторҳои идоравӣ ва соҳавии ҳамоҳангсоз ҷиҳати ҳифзи иттилоот мебошад. Аз ин рў, мутобиқи банди 12 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, №190 «Дар бораи Низомнома оид ба талабот, шартҳо ва қоидаҳои ҳифзи иттилоот аз разведкаи техникии хориҷӣ» мақомоти давлатӣ ва ташкилот ўҳдадор мебошанд, ки дар сохторҳои худ воҳидҳои таъмини амнияти иттилоотӣ таъсис диҳанд.
Воҳидҳои мазкур ҳангоми ташкили ҳифзи иттилоот бояд воситаҳои техникӣ, барномавӣ, дастгоҳӣ ва криптографиро истифода баранд, ки дар моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот» пешбинӣ шудааст. Мутаассифона, иҷрои чорабиниҳои зикргардида дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилот, ба истиснои баъзе аз ташкилотҳо дар сатҳи зарурӣ намебошанд.
Сабабҳои асосии мушкилӣ барои татбиқи онҳо норасоии мутахассисони соҳаи амнияти иттилоотӣ ва маблағҳои соҳа мебошад.
Вобаста ба масъалаи якум бояд зикр кард, ки дар замони муосир пешрафти технология вазорату идора ва ё ташкилот бе таъмини амниятӣ истифодаи маҳзанҳо ва шабакаҳои иттилоотии онҳо имконнопазир мебошад. Зеро, ҳангоми таъсиррасонии бадқасдона ва ё аз кор баровардани махзанҳо ва шабакаҳои иттилоотӣ зараре, ки расонида мешавад, бамаротиб зиёд аст. Бинобар ин, дар шароити ҳозира дар давлатҳои Европа, Амрико, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва дигар давлатҳои пешқадами дунё ягон мақомоти давлатӣ, ташкилот ва ё ширкате, ки технологияҳои муосирро истифода менамояд, бе сохтори амнияти иттилоотӣ фаъолият наменамояд. Онҳо барои таъмини амнияти шабакаҳои телекоммуникатсионии худ маблағҳои хеле зиёдро сарф менамоянд. Барои мисол, дар соли 2016 хароҷоти ҷаҳонӣ барои таъмини амнияти иттилоотӣ 81,6 миллиард долларро ташкил намуд. Аз ин маблағ танҳо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои таъмини амнияти иттилоотӣ 5 миллиарду 759 миллион долларро сарф намудааст.
Бинобар ин, тайёр намудани мутахассисони амнияти иттилоотӣ ва истифодаи онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат вазифаи роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилот мебошад. Зеро, танҳо чунин мутахассисон метавонанд фаъолиятро дар ин самт ташкил намуда, амнияти иттилоотро дар воситаҳои коркарди иттилоот таъмин намоянд.
Барои мисол, агар корманд аз кор озод карда шавад, шуъбаи кадр бояд ин маълумотро дарҳол ба масъули амнияти иттилоотӣ пешниҳод намояд, то ки дастрасии корманди аз кор озодкардашуда ба маълумот дар шабакаи корпоративӣ маън карда шавад.
Дар масъалаи вазифаҳои ба зиммадоштаи масъули амнияти иттилоотии мақомоти давлатӣ ва ташкилот ва кадом корҳоро ба сомон расонидани он бисёр сухан гуфтан мумкин аст, лекин ин зарурият надорад. Зеро доир ба ин масъала шумо аз шабакаҳои интернетӣ ҳамаи маълумотро дастрас карда метавонед.
Масъалаи дигар — ин сертификатсияи воситаҳои техникии коркарди иттилоот тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ мебошад. Қонунгузор барои бартараф кардани ин мушкилӣ роҳҳои ҳалли онро муқаррар кардааст. Тибқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот», ҳангоми гузаронидани сертификатсия ва ё харидории воситаи техникии коркарди иттилоот хароҷоти гузаронидани сертификатсия ба арзиши аслии чунин таҷҳизот дохил карда мешавад. Ҳамчунин, тибқи банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2004, №404 «Дар бораи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ, тартиби бақайдгирии давлатии онҳо» маблағҳое, ки аз ҷониби дархосткунанда барои гузаронидани сертификатсияи воситаи ҳифзи иттилоот харҷ мегарданд, ба арзиши аслии он дохил карда мешаванд.
Бинобар ин, мақомоти давлатӣ ва ташкилот ҳангоми харидории таҷҳизот ва воситаҳои барномавию техникии ҳифзи иттилоот, хароҷот барои сертификатсияи онҳоро низ бояд ба ҳисоб гиранд ва маблағҳои зикргардидаро ба арзиши аслии чунин таҷҳизоту воситаҳо дохил карда, дар буҷаи вазорату идора барои соли оянда пешбинӣ намоянд.
Умуман, бояд зикр кард, ки мавҷуд набудани технологияи иттилоотии ватанӣ мақомоти давлатӣ ва идоракуниро маҷбур менамояд, ки ҳангоми ташкили системаҳои иттилоотӣ, вобастагиашон ба истеҳсолкунандагони хориҷии техникаи компютерӣ ва телекоммуникатсионӣ, инчунин таъмини барномавӣ зиёд шавад.
Аз ин лиҳоз, мутобиқи талаботи «Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003, №1175 тасдиқ карда шудааст, барои роҳ надодан ба таъсири манфии технологияҳои давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ, ба масъалаҳои асосии ҳамкориҳо бо давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла дар соҳаи стандартикунонӣ ва сертификатсиякунонии воситаҳои иттилоотонӣ ва ҳифзи иттилоот бояд аҳамияти махсус дода шавад.
Бо ин назардошт, Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ як қатор созишномаҳоро бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расонидааст ва онҳо амал мекунанд. Аз ҷумла дар соҳаи стандартикунонӣ ва сертификатсиякунонӣ низ чунин созишномаҳо ба имзо расонда шудаанд.
Бояд зикр намуд, ки Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва мақоми иҷроияи он КВД «Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертификатсия ва экспертиза» муайян гардидааст. Маркази зикргардида бо таҷҳизоти муосир ва мутахассиони касбӣ таъмин карда шуда, иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва иттилоотро дар ҷумҳурӣ таъмин менамояд.