Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ иштирок доранд

Ноябрь 28, 2018 10:00

ДУШАНБЕ, 28.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Токиои Япония ҷаласаи Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ шурӯъ гардид, ки дар кори он 1400 нафар намояндагон аз 206 кумитаи олимпӣ иштирок доранд.

Тавре аз  Кумитаи миллии олимпии  Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласаи сатҳи баланд муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии мамлакат, ҳамзамон раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода ва котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ Муҳаммадшо Абдуллозода намояндагӣ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, Аҳтам Абдуллозода дар ҳошияи ҷаласаи Ассамблеяи генералии АКМО бо намояндагони кумитаҳои олимпии дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мулоқот анҷом дод. Аз ҷумла, дар мулоқот бо президенти Федератсияи дзюдои Осиё Убайд Ал-Анзӣ масъалаи рушди варзиши дзюдо, дар суҳбат бо роҳбарони барномаҳои ҳамбастагии олимпӣ Памела Випонд ва Шӯрои олимпии Осиё Ҳайдар Фармон масъалаи иҷрои барномаҳо ҷиҳати дастгирии варзишгарони тоҷик ва дар мулоқот бо роҳбарони кумитаҳои миллии олимпии Қазоқистон ва Ӯзбекистон масъалаи ба имзо расонидани шартномаҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуданд.

Инчунин ба хотири омодагӣ ва иштироки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои зимистонаи «Бачаҳои Осиё-2019» дар шаҳри Сахалини Федератсияи Россия бо намояндагони Кумитаи тадорукоти бозиҳо мулоқот баргузор гардид. Натиҷагирӣ аз Бозиҳои зимистонаи олимпии Пйонгчан-2018, Бозиҳои олимпии наврасон Буэнос Айрес-2018, омодагӣ ба аввалин Бозиҳои соҳилии ҷаҳонӣ дар Сан-Диегои ИМА дар соли 2019, интихоби президенти АКМО дар давраи то соли 2022, муовинони президент, комиссияи ахлоқ, гузориши Ташкилоти ҷаҳонии зидди допинг, муаррифии довталабони мизбонии Бозиҳои зистонаи олимпии соли 2026, гузориш оид ба омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020, гузориши кумитаҳои тадорукоти Бозиҳои олимпии Париж-2024, Лос-Анҷелес-2028, Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022, Бозиҳои зимистонаи олимпии наврасон Лозанна-2020 аз ҷумлаи масъалаҳои асосии ҷаласаи дурӯзаи Ассамблеяи генералии Асотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ мебошанд.

 

Ноябрь 28, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд