ПЕШВОЕ, КИ ГАВҲАРАШ НУР АСТ… Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 15, 2018 12:04

ДУШАНБЕ, 15.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имсол аввалин агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, ки ин бесабаб нест. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори бевоситаи ин сохтмони бузурги аср ё Кохи нур буда, дар амалӣ намудани ин тарҳи бузурги миллӣ ҷаҳду талошҳои бесобиқа кардаанд, ки ҳаргиз аз хотираи мардуми тоҷик ва авроқи таърихи мамлакат зудуда нахоҳад шуд.

Ҳоло ки мо дар арафаи ин рӯзи таърихиву фаромӯшнопазир қарор дорем, гуфтан бамаврид аст, ки бунёди ин иншооти азим ормони чандинсолаи халқи тоҷик аст, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии беш аз 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон ва сафарбарии зиёда аз 2100 адад техника ва мошину механизмҳои пуриқтидор ба даст меояд. Дар заминаи моҳияти аслии масоили зикргардида нуктаи муҳими дигар ин аст, ки иҷрои ин тарҳи деринтизор моро ба яке аз ҳадафҳои аслии Ҳукумати мамлакат- расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ комёбу мушарраф мегардонад. Яъне, ин Кохи нур орзуву армонҳои миллати моро амалӣ мегардонад…

Тавре маълум аст, 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд, ки минбаъд дар асоси он ҳамасола 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бидуни истироҳат таҷлил карда мешавад.

Воқеан ҳам дар шароити муосир ва зудтағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон ҳар як  қавму миллат ба ҳузури шахсияти сиёсӣ ва худфидо дар роҳи Ватан беш аз пеш ниёз дорад. Зеро таърихи аксари кишварҳои ҷаҳон собит намудааст, ки ташаккули лидери сиёсии миллӣ ва пешвои эътирофёфтаи давлатӣ зарурати асосии марҳалаи эҳё ва барқарории давлатҳо буда, зуҳури он тақдири тамоми таърихи минбаъдаи давлатҳо ва миллатҳоро муайян мекунад.

Хушбахтона, ин ҳолро таърихи навини давлатдории миллии тоҷикон дар симо ва шахсияти Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит намуд, зеро маҳз шахсияти бузург муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қодир гардид, ки халқи моро дар мушкилтарин масъалаҳои печидаву мураккаби иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ раҳнамоӣ карда, дар қалбу дидаи онҳо шуълаи умед ба ояндаи дурахшону босаодат ва зиндагии шоистаро ба таври бебозгашт фурӯзон нигоҳ дорад…

Яъне амалан метавон афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ чун бузургону пешвоёни дигар дар рӯзи нахустини по бар арсаи роҳбарӣ ниҳодан ба мардуми тоҷик раҳбару раҳнамо, ворису пешво гардида, ташаббусу ибтикорот ва иқдомҳои башардӯстонаашон қобили дастгирии тамоми аҳли сайёра гардид.                             Дар ин замина бояд ёдовар шуд, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  соли 1994 дар асоси интихобот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ҳамзамон дар ин сол бо таваҷҷуҳ ба қабули аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба низоми  президентӣ табдил дода шуд.

Мусалламан ҳақ бар ҷониби вакилони Парлумони мамлакат аст, ки ҳанӯз зимни қабули ин сана иброз дошта буданд,  ки «лоиҳаи қонуни мазкур бо дарназардошти саҳми арзанда ва хидматҳои бузурги  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст».

Аслан тибқи назари коршиносону сиёсатшиносон, бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлати миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Ин аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва санаи ифтихорӣ барои ҳар сокини озоду осудаи Тоҷикистони навин аст.

Ҳарчанд дар кишвар ҷашнҳои гуногуни миллию давлатӣ бо рамзу намод, анъана ва суннатҳои миллӣ хеле зиёданд ва сокинони мамлакат онҳоро ба тарзи гуногун истиқбол мегиранд, аммо миёни ин ҳама ҷашнҳо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни мардуми шарифи кишвари офтобиву шукуфоямон нақш ва мақоми хосса дорад. Зеро таҷлили шукӯҳманди ин санаи арзишманд моро водор ба он месозад, ки самимияту эҳтироми хосса ва арҷгузориҳои худро дар Рӯзи Президент ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намоем.

Дар маҷмӯъ, ба таври  мухтасар ва сароҳатан метавон ин сана, яъне РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ҷашни бузурги миллӣ, рамзи  муҳаббату вафодорӣ, тантанаи хираду мардумсолорӣ ва бузургдошти Ватану миллат ва Президент унвон кард ва Пешвои миллатро ШАХСИЯТИ БОРИЗИ СИЁСӢ ВА ЛИДЕРИ МИЛЛИЕ хонд, ки гавҳару ҷавҳар ва кишвару минбараш нур аст:

Пешвое, ки гавҳараш нур аст,

Суханаш нуру минбараш нур аст.

Зоир РАҲМОНЗОДА,
раиси Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

Ноябрь 15, 2018 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«НАБЗИ РОҒУН». Таҳти ин унвон китоби кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба нашр расид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ