Сафири тозаинтихоб Мэрилин Йосефсен: «Иттиҳоди Аврупо ҳавасманди густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст»
ДУШАНБЕ, 20.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони тозаинтихоби фавқулода ва мухтори Туркманистон Тогалаков Ҳемра Аманмамедович, Давлати Қатар Иброҳим Муҳаммад Абдураҳмон ал Абдулло, Иттиҳоди Аврупо Мэрилин Йосефсен, Финляндия Маря Лиивала, Шоҳигарии Испания Давид Артуро Карриедо Томас, Словения Бранко Раковетс, Латвия Михаил Попковс, Молдова Андрей Негутса, Малайзия Ҳенди Ассан, Ҷумҳурии Халқӣ — Демократии Корея Ким Хен Чжун, Замбия Шадрек Лувита ва Ҷумҳурии Эл Салвадор Эфрен Арнолдо Бернал Чевез эътимоднома қабул карданд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Қасри миллат хабар дод, 12 сафири навтаъйин пас аз супоридани эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма бо итминон изҳор доштанд, ки яке аз рисолат ва вазифаҳои муҳиму калидии сафирон, пеш аз ҳама, ҷаҳду талоши бештар ҷиҳати пешбурди муколамаи байни кишварҳо, ташвиқу тарғиби фарҳангҳо ва мусоидат ба рушди минбаъдаи робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмии байни кишварҳо мебошад, ки бо фаъолияти пурсамари дипломатӣ ба тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва кишварҳои худ мусоидат хоҳанд кард.
Сафири тозаинтихоби Иттиҳоди Аврупо Мэрилин Йосефсен Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми тоҷикро бо ба кор даромадани чархаи аввали НБО «Роғун» табрик намуда, гуфт, ки ҷониби Иттиҳоди Аврупо ҳамеша ҳавасманди густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст ва дар ин самт аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад кард. Ба иловаи Сафир, лоиҳаҳои зиёд дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, гуманитарӣ, маориф, фарҳанг ва беҳдошти аҳолӣ татбиқ шуда, муколамаи ҷонибҳо дар мавзӯъҳои амнияту субот ва ҳуқуқи инсон тавсеа меёбад. Зикр шуд, ки дар мувофиқа бо намояндагони расмии Тоҷикистон самтҳои асосии робитаҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун мушаххас шудаанд ва дар оянда низ ин ҳамкории густурда идома хоҳад ёфт.
Эфрен Арнолдо Бернал Чевез, ки ба ҳайси аввалин Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Эл Салвадор дар Тоҷикистон таъйин шудааст, зикр кард, ки «муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо доир ба самтҳои асосии сиёсати кишвар маълумот доданд ва ман ҳамчун сафири навинтихоб ҷиҳати равнақ бахшидан ба равобити ду кишвар ҷаҳд хоҳам кард».
Сафири тозатаъйини Шоҳигарии Испания Давид Артуро Карриедо Томас аз сатҳи ҳамкории кунунии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз намуд, ки «Тоҷикистон бо Испания дар самтҳои кишоварзӣ, илму маориф, варзиш ва сайёҳӣ метавонад табодули таҷриба намояд. Зеро дар ин самтҳо барои ҳарду ҷониб имкониятҳо фароханд».
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Қатарро хуб арзёбӣ намуданд, ки ман барои боз ҳам баланд бардоштани сифати ҳамкорӣ ҷаҳду талош менамоям»,- иброз дошт сафири тозаинтихоби Давлати Қатар Иброҳим Муҳаммад Абдураҳмон ал Абдулло. Ба қавли сафир, то ҳол имкониятҳои зиёде мавҷуд ҳастанд, ки метавон дар самти густариши равобити ҷонибҳо истифода кард. Номбурда аз муштаракоти зиёди Тоҷикистону Қатар дар самтҳои мухталиф ёдоварӣ намуда, омодагии ҷониби худро дар самти таъмини рушди минбаъдаи равобити ду кишвар иброз намуд.
Ҳенди Ассан– Сафири Фавқулода ва Мухтори Малайзия дар Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми дӯстӣ ва ҳамкории роҳбарияти олии Малайзияро ироа намуд. Номбурда аз ҳамкории кунунии Тоҷикистон ва Малайзия изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки ҷиҳати равнақ бахшидан ба равобити ду ҷониб талош мекунад.
Сафири тозаинтихоби Словения Бранко Раковетс ҳавасмандии ҳамкории ҷониби худро дар бахшҳои об ва ҳифзи табиат арзёбӣ намуда, изҳори умед кард, ки муносибатҳои ҳарду давлат ба марҳилаи нав сифатан баланд бардошта мешаванд.
Сафири Ҷумҳурии Замбия Шадрек Лувита аз робитаҳои бародаршаҳрии Душанбе ва Лусака, ки моҳи августи соли 1966 барқарор шудаанд, ёдовар гардид. «Ҷониби Замбия ҳавасманди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва кишоварзӣ буда, барои ҳамкории густурда дар ин самтҳо тамоми имкониятҳо истифода хоҳанд шуд»,-зикр кард Шадрек Лувита.









Дар Абу Забӣ ҳамкории академияҳои Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Баҳрайн ҳамкории муассисаҳои таълимии дипломатиро баррасӣ карданд
Дар Манама машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Муколамаи Манама иштирок намуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Узбекистон мулоқот намуданд
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шомил шудани бархе аз бонкҳои кишвар ба феҳристи таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо изҳори нигаронӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Одрӣ Азуле масъалаҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНЕСКО-ро баррасӣ намуданд
Дар Самарқанд нақши Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо таъкид карда шуд
Дар шаҳри Пусан ҳамкории Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ ва ҳимоя ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси генералии ЮНЕСКО иштирок менамояд
Дар Минск мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор шуд






