Сокини ноҳияи Лахш аз ҳисоби маъракаи «чил»-и модараш роҳи дохили деҳаи Сасибулоқро сангфарш ва чароғон намуд

Ноябрь 26, 2018 17:50

ЛАХШ, 26.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Боиси қаноатмандист, ки  аксарияти мардуми ноҳияи Лахш сол то сол аз баъзе урфу одатҳои хурофотии зараровар, мисли  маъракаҳои  пурдабдабаю намоишкорона  даст кашида,  маблағи ин хароҷоти беҳударо дар корҳои ободонӣ ва дастгирии ятимону  муҳтоҷон сарф  менамоянд.

Ин анъана  бештар аз тарафи сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Ваҳдат, Ҷиргатол, Янгишаҳр, Сартало, Қашот, Лахш, Муксу, Алға  ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, роҳу кӯчаҳои маркази ин деҳаҳо бо ҳамин усул ҳамвор ва чароғон гардонида,  синфхонаҳои нав бунёд ва баъзе биноҳои таълимӣ  таъмиру навсозӣ шуданд.

Давоми сол бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю роҳҳои мошингарди дохили деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Муксу дар доираи чорабиниҳо баҳри омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои милла, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишу талошҳои бевоситаи раиси Ҷамоати деҳоти Муксу Ботурбек Ғаниев як қатор корҳои ободонӣ, ба монанди шағалрезию  ҳамворкунии роҳҳо,  шинондани чароғакҳои равшанкунанда дар кӯчаю хиёбонҳои деҳаҳо бо саҳмгузории шахсони ватандӯсту сахӣ  ба ҷо оварда  шуда истодаанд.

Тибқи иттилои раиси ҷамоат Ботурбек Ғаниев,  дар ин кори хайр сараввал сокини деҳаи Сасибулоқ Нисратулло Латипов саҳм гузошт. Ӯ бо 6790 сомонӣ маблағе, ки  бояд барои маъракаи «чил»-и модараш сарф мекард, як километру 320 метр роҳи дохили  деҳаи Сасибулоқро шағалпӯш намуд. Инчунин бо маблағи 590 сомонӣ 11 чароғаки равшанкунандаи барқиро ба симчӯбҳои маркази деҳаи Сасибулоқ васл кард.

Ҳамин тариқ, сокинони ҳамин ҷамоат Исроил Хашеков, Муҳриддин Ҳайдаров, Зайдулло Маҳмадов ва Деҳқон Саидов  аз ҳисоби маросимҳои «чил»-у «сари сол»-и падару модаронашон дар сангфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ ва сохтмони беморхонаи минтақавӣ дар деҳаи Сарикенҷа саҳм гузоштанд. Ин иқдоми ашхоси номбурда шаҳодат аз он медиҳад, ки сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Лахш баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саҳми худро мегузоранд ва барои ободию шукуфоии ватани азизамон талош меварзанд.

Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Лахш Музафар Маҳмудов гуфт, ки «сокинони ноҳия бо дарки масъулияти ватанпарварона ва пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  даст ба амалҳои хайр зада, маблағҳоро аз ҳисоби гузаронидани тӯю маъракаҳо  ва ҷашну маросимҳо сарфа намуда, дар доираи  татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  барои таъмиру таҷдиди роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ва дохили деҳаҳо равона намуда истодаанд. То имрӯз бо кумаки техникии Муассисаи мазкур ва саҳми сокинони саховатпеша  27 км роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ва 11 км роҳҳои ҷумҳуриявиро  таъмир намудем. Ҳамчунин бо истифода аз қувваи сокинон  ва техникаву механизмҳои муассиса роҳи маркази Ҷамоати деҳоти Қашот  дар масофаи 2 км мумфарш карда шуд».

Ноябрь 26, 2018 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд