Ташрифи сайёҳон тавассути қатора ба Тоҷикистон меафзояд

Ноябрь 3, 2018 10:47

ДУШАНБЕ, 03.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавассути қатора роҳандозӣ намудани хатсайрҳои сайёҳӣ яке аз усулҳои самаранок ва камхарҷ маҳсуб ёфта, барои ҷалби бештари сайёҳон мусоидат мекунад. Аз оғози соли равон то имрӯз тибқи хатсайри тарҳрезигардида, 2 гурӯҳ сайёҳон бо қатора ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, ки гурӯҳи якум 80 нафар ва гурӯҳи дуюм 98 нафарро ташкил медиҳанд.

Дар Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 омадааст, ки барои ҷалб намудани сармоя ба соҳаи сайёҳӣ давлат аввалан самтҳои афзалиятноки онро муайян карда, ба он имтиёзҳо ҷудо менамояд. Инчунин зарур аст, ки дар марҳилаи аввал давлат бахши хусусиро барои сармоягузорӣ ҳавасманд гардонида, барои обод намудани мавзеъҳои сайёҳӣ заминаҳои зарурии иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ таъмин намояд. Пас аз гузаштани фосилаи муайяни вақт (аз 3-5 сол) онҳо ба манбаи муҳими воридоти асъори хориҷӣ табдил хоҳанд ёфт.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои муҳими андозию гумрукиро ба рушди соҳаи сайёҳӣ фароҳам овардааст. Аз ҷумла, ширкатҳои сайёҳӣ дар тўли панҷ соли аввали фаъолияти худ аз андоз аз фоида озод карда шуда, воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд. Инчунин боҷи гумрукӣ ба мошинҳои нав 50 фоиз коҳиш дода шуд.

Имрӯз маҳз ҳамин шароит ва имтиёзҳо эътимод ва ҳавасмандии сармоягузорон ва ширкатҳои дохилию хориҷиро, ки дар самти хизматрасонӣ фаъолият менамоянд, дар саҳмгузор будан ба рушди сайёҳӣ ҷалб намуда истодаанд.

Бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳӣ ҶДММ “Ориент Адвентур” бо истифода аз имтиёзҳои роҳандозигардида бо ширкати сайёҳии “Lernidee Erlebnisreisen GmbH”-и Германия дар заминаи Намоишгоҳи калонтарини байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin» ҳамкорӣ ба роҳ монд. Тибқи нақша, ин ширкат моҳҳои июн, август ва ноябри соли ҷорӣ гурӯҳҳои калони сайёҳонро тавассути ин ширкат бо қатора ба Тоҷикистон ташкил менамояд. То имрӯз 2 гурӯҳ сайёҳон бо қатора ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, гурӯҳи якум 80 нафар ва гурӯҳи дуюм 98 нафарро ташкил медиҳад.

Сайёҳон, ки аз кишварҳои ИМА, Автралия ва Чин ташриф оварда буданд, давоми ду рӯз аз маконҳои таърихию фарҳангӣ, табиати дилкашу назаррабои Тоҷикистон дидан карда, бо расму оин ва ҳунарҳои мардумӣ шиносоӣ пайдо намуданд.

Қобили зикр аст, ки ширкати сайёҳии «Lernidee Erlebnisreisen GmbH»  тавассути қатора сайёҳонро ба Осиёи Миёна ва дигар кишварҳо барои саёҳат мебарад, зеро дар соҳаи туризм таҷрибаи калон дорад.

Бори нахуст соли 2017 ширкати ватанӣ як гурӯҳи 100-нафараи сайёҳонро, ки аксарияти онҳо аз Амрико буданд, бо хатсайри мазкур бо қатораи ORIENT-SILKROADEXPRESS–и ин ширкат хизматрасонӣ намуд ва сайёҳон аз шаҳри бостонии Хуҷанд боздид намуданд.

Имрӯз сайёҳон тавассути ҳама гуна нақлиёт, аз ҷумла қатора ба кишвар ворид гардида, сатҳу сифати хизматрасониҳо дар нақлиёти ҳавоӣ, автомобилӣ ва қатора рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, таассуроти аввалин ва охиринро нисбат ба Тоҷикистон сайёҳони хориҷӣ аз меҳмоннавозӣ ва хушмуомилагии тоҷикона нисбат ба худ ба хубӣ эҳсос менамоянд.

Бешубҳа, Тоҷикистон барои рушди сайёҳии экологӣ ва таърихию фарҳангӣ хеле мувофиқ буда, садҳо мавзеъҳо таваҷҷуҳи шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб кардаанд.

Дар ин росто, ҳамасола аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ маводи зиёди иттилоотию тарғиботӣ аз нашр бароварда ва  ройгон  миёни ҳаводорони сайру саёҳат паҳн карда мешаванд.

 

Ноябрь 3, 2018 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад