Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қадамҳои устувор мегузорад. Ин нукта имрӯз дар суҳбати атрофи «Мизи гирд» дар МТС баён гардид

Ноябрь 30, 2018 15:30

ДУШАНБЕ, 30.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани агрегати нахустини Неругоҳи барқи обии «Роғун» нишони он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расидан ба яке аз ҳадафҳои олии стратегии худ – истиқлолияти комили энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Ин нукта зимни ифтитоҳи суҳбати атрофи «мизи гирд», ки таҳти унвони «Дурнамо ва масъалаҳои стратегии рушди энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баён гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомади мазкур намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳомӣ- холдинии кушодаи «Барқи тоҷик», Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи иншооти гидротехникӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки ҷамъомад ба ифтихори мавриди истифода қарор додани агрегати нахустини Неругоҳи барқи обии «Роғун» доир карда шуд.  Мақсад аз баргузории он баҳодиҳии иқтидор, муайян намудани вазифаҳои асосии соҳа ва монеаҳо дар рушди энергетикии Тоҷикистон, дурнамо ва таҳлили сиёсати дарозмуддати рушди стратегии бахши энергетикии мамлакат дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 мебошад.

«Тибқи дурнамои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 Тоҷикистон тасмим гирифтааст иқтидори энергетикии худро ба 10 ҳазор мегаватт баробар намояд. Айни замон бо ба кор даровардани агрегати нахустини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ин нишондиҳанда тақрибан ба  6 ҳазор мегаватт расид», — иброз дошт  муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода.

Номбурда зикр намуд, ки Тоҷикистон ният дорад дар ин муддат интиқоли неруи барқро ба давлатҳои ҳамсоя солона то 10 миллиард киловатт-соат расонад.

«Яъне мамлакати мо тасмим гирифтааст, ки худро ҳамчун тавлидкунандаи неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар минтақа муайян созад. Аз ҳисоботи соли 2018 бармеояд, ки мо тавонистем имсол зиёда аз 2,3 миллиард киловатт-соат неруи барқ ба кишварҳои ҳамсоя интиқол диҳем. Пас аз татбиқ гардидани лоиҳаи минтақавии интиқоли барқи «КАСА-1000» имкон пайдо мешавад, ки ин нишондиҳанда то ба 5-6 миллиард киловатт-соат  расонида шавад»,-илова намуд Ҷамшед Шоимзода.

Чанде қабл сардори маркази матбуоти  Ширкати саҳомии холдингии  кушодаи «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки «солҳои охир дар фасли тобистон ҳангоми пурра таъмин будани аҳолии мамлакат бо неруи барқ боқимондаи он ба давлатҳои ҳамсоя — Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол дода мешавад».

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат сохтмони чандин неругоҳҳои хурду бузург то андозае тавонист дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ замина гузорад.

Дар ин маврид дар ҷамъомади мазкур гуфта шуд, ки «бунёди неругоҳҳои барқии обии «Сангтӯда 1» ва «Сангтӯда 2», оғози татбиқи лоиҳаи  КАСА — 1000, таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак, мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 220 ва 500-киловолта дар шаҳри Норак, бунёди зеристгоҳи барқии «Лолазор», Хати интиқоли барқи баландшиддати 220-киловолтаи «Лолазор — Хатлон», Зеристгоҳи барқии «Хатлон», Хати интиқоли барқи баландшиддати 500-киловолтаи «Ҷануб Шимол», ба истифода додани навбати аввал ва дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе аз ҷумлаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошанд, ки то имрӯз амалӣ гардиданд».

Ёдовар мешавем, ки ҳоло иқтидори энергетикии Тоҷикистон хеле назаррас буда, дар як сол қариб 17 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳад.

Ноябрь 30, 2018 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон сохтмону навсозии 300 километр роҳҳои мошингард оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия карда мешавад
Стратегияи нави ҳамкории кишварии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2031 муаррифӣ гардид
Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид
Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
Сарвари давлат: «Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 173 миллиард сомонӣ расид»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ҳафт соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Бахшида ба он «Муколамаи иқлимӣ барои ҷавонон» доир гардид
Президенти Тоҷикистон: «Соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад»
Дар даҳ соли охир ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон беш аз 670 миллиард сомонӣ равона гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия карда шавад»
Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид