Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қадамҳои устувор мегузорад. Ин нукта имрӯз дар суҳбати атрофи «Мизи гирд» дар МТС баён гардид
ДУШАНБЕ, 30.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани агрегати нахустини Неругоҳи барқи обии «Роғун» нишони он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расидан ба яке аз ҳадафҳои олии стратегии худ – истиқлолияти комили энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Ин нукта зимни ифтитоҳи суҳбати атрофи «мизи гирд», ки таҳти унвони «Дурнамо ва масъалаҳои стратегии рушди энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баён гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомади мазкур намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳомӣ- холдинии кушодаи «Барқи тоҷик», Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи иншооти гидротехникӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки ҷамъомад ба ифтихори мавриди истифода қарор додани агрегати нахустини Неругоҳи барқи обии «Роғун» доир карда шуд. Мақсад аз баргузории он баҳодиҳии иқтидор, муайян намудани вазифаҳои асосии соҳа ва монеаҳо дар рушди энергетикии Тоҷикистон, дурнамо ва таҳлили сиёсати дарозмуддати рушди стратегии бахши энергетикии мамлакат дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 мебошад.
«Тибқи дурнамои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 Тоҷикистон тасмим гирифтааст иқтидори энергетикии худро ба 10 ҳазор мегаватт баробар намояд. Айни замон бо ба кор даровардани агрегати нахустини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ин нишондиҳанда тақрибан ба 6 ҳазор мегаватт расид», — иброз дошт муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода.
Номбурда зикр намуд, ки Тоҷикистон ният дорад дар ин муддат интиқоли неруи барқро ба давлатҳои ҳамсоя солона то 10 миллиард киловатт-соат расонад.
«Яъне мамлакати мо тасмим гирифтааст, ки худро ҳамчун тавлидкунандаи неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар минтақа муайян созад. Аз ҳисоботи соли 2018 бармеояд, ки мо тавонистем имсол зиёда аз 2,3 миллиард киловатт-соат неруи барқ ба кишварҳои ҳамсоя интиқол диҳем. Пас аз татбиқ гардидани лоиҳаи минтақавии интиқоли барқи «КАСА-1000» имкон пайдо мешавад, ки ин нишондиҳанда то ба 5-6 миллиард киловатт-соат расонида шавад»,-илова намуд Ҷамшед Шоимзода.
Чанде қабл сардори маркази матбуоти Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки «солҳои охир дар фасли тобистон ҳангоми пурра таъмин будани аҳолии мамлакат бо неруи барқ боқимондаи он ба давлатҳои ҳамсоя — Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол дода мешавад».
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат сохтмони чандин неругоҳҳои хурду бузург то андозае тавонист дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ замина гузорад.
Дар ин маврид дар ҷамъомади мазкур гуфта шуд, ки «бунёди неругоҳҳои барқии обии «Сангтӯда 1» ва «Сангтӯда 2», оғози татбиқи лоиҳаи КАСА — 1000, таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак, мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 220 ва 500-киловолта дар шаҳри Норак, бунёди зеристгоҳи барқии «Лолазор», Хати интиқоли барқи баландшиддати 220-киловолтаи «Лолазор — Хатлон», Зеристгоҳи барқии «Хатлон», Хати интиқоли барқи баландшиддати 500-киловолтаи «Ҷануб Шимол», ба истифода додани навбати аввал ва дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе аз ҷумлаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошанд, ки то имрӯз амалӣ гардиданд».
Ёдовар мешавем, ки ҳоло иқтидори энергетикии Тоҷикистон хеле назаррас буда, дар як сол қариб 17 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳад.








Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Бонки рушди Авруосиё санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«РАҚАМИКУНОНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ». Дар форуми байналмилалӣ 12 санади ҳамкорӣ имзо шуд
Дар Тоҷикистон нахустин коргоҳи истеҳсоли ранги хокавӣ барои хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард ба истифода дода шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба 10,2 миллион доллар расид
Тоҷикистон 85 фоизи аҳолиро бо маҳсулоти ғизоии ватанӣ таъмин мекунад
Аъзои ҳайати Фландрияи Подшоҳии Белгия бо фаъолияти «Шаҳри ҳушманд» шинос гардиданд
Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ ҳамкориро дар самти рушди сармояи инсонӣ ва рақамикунонӣ густариш медиҳанд
Агентии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Душанбе 110 кг маҳсулоти гуногуни ҳасибии пастсифат ва ғайристандартиро ошкор намуд
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист байни Тоҷикистон ва Муғулистон баррасӣ гардид
Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шуд
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ОБ. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад






