«ТОҶИКИСТОНИ МАН!» Сафорати ИМА дар Душанбе озмуни худро ҷамъбаст ва соҳибони наворҳои беҳтаринро дар бораи маконҳои диданӣ ва ғайриодии кишвар соҳиби ҷоиза гардонид
ДУШАНБЕ, 05.11.2018./АМИТ «Ховар»/. Сафорати ИМА дар Душанбе Озмуни худро таҳти унвони «Тоҷикистони ман!», ки ба хотири муаррифии бештари манзараҳои дилфиреб ва ҷойҳои тамошобоби кишвари мо эълом дошта буд, ҷамъбаст намуд.
Моҳи сентябри соли ҷорӣ корманди масъули Сафорати ИМА Ҷеф Руденур тавассути саҳифаҳои сафорат дар шабакаи иҷтимоии Facebook бо лаҳни тоҷикӣ эълон карда буд: «Ассалому алейкум, дӯстони азиз! Ман – намояндаи Сафорати Амрико. Тоҷикистон табиати нотакорор дорад. Мо мехоҳем ҳарчи бештар зебоиҳои кишвари шуморо бубинем. Шумо метавонед ин зебоиҳоро ба мо муаррифӣ кунед ва соҳиби смартфони замонавӣ гардед…».
Бо ҳамин озмуни видеонавори беҳтарин дар бораи Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистони ман!» оғоз гадид. Тӯли як моҳ беш аз 30 нафар истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои бардоштаи худро тавассути ин шабакаҳо ба озмун пешниҳод намуданд. «Воқеан, Тоҷикистон бо табиати тасвирношуданияш беҳамтост ва инро ба таври зинда бояд мушоҳида намуд», — мегӯяд Ҷеф Руденур.
Инак, рӯзи 2 ноябр озмун ҷамъбаст карда, наворҳои пешниҳоднамудаи шаш нафар иштирокчиёни озмун – Анис Ҳотамӣ, Рухшона Ҳотамӣ, Дониёрхӯҷаи Баҳромзода, Шаҳром Бекматов, Наврӯз ва Манзура ғолиб дониста шуданд. Ба гуфтаи Ҷ. Руденур, «интихоб тариқи овоздиҳи ва лайкгузорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифт. Ба ғолибон телефонҳои нав барои сабти наворҳои ҷолиби дигар тақдим карда шуданд».
Яке аз ҳадафҳои асосии озмун, ба гуфтаи ташаббускорон, кумак ба мақомоти Тоҷикистон барои ҷалби хориҷиён ба кишвар ва бахусус дар Соли рушди сайёҳӣ арзёбӣ гардид. Ба озмун ҷавонон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз нуқтаҳои зебои зодгоҳи худ наворҳо гирифта, ирсол намуданд.
Зодгоҳи ман – шаҳри Гулистон, собиқ Қайроқум, яке аз беҳтарин минтақаҳои истироҳатии кишварамон мебошад, — гуфт яке аз ғолибон Анис Ҳотамӣ. – Бисёриҳо барои истироҳати оилавӣ ба ин ҷо, ба санаторияи машҳури «Баҳогристон» меоянд. Вале на ҳама медонанд, ки дар соҳили «Баҳри тоҷик» ҷазираи аҷибе бо номи Кӯптулуқ мавҷуд аст. Бо навори гирифтаам ман ба ҳама тавсия медиҳам, ки аз ин ҷазира дидан кунанд…».
Яке аз ғолибони озмун Наврӯз чунин иброз медорад: «Ман аз Панҷакенти бостон ҳастам ва хостам ёдгории бе ҳамтои шаҳрамонро ба хориҷиён нишон диҳам. Ин ёдгорӣ дар деҳаи Панҷрӯд, ки 60 километр дуртар аз шаҳр воқеъ гардидааст, ҷойгир аст ва он мақбара ё оромгоҳи Одамушшуаро, сардафтари адабиёти классики тоҷику форс устод Абӯабдулло Рӯдакӣ мебошад. Ман итиминон дорам, ки ҳар кассе ин ҷо меояд, аз оромгоҳ ва китобхона дидан мекунад, дар бораи яке аз шоирони машҳурни олам маълумотҳои наву ҷолибе ба даст хоҳанд овард».
Дар навори ғолиби дигари озмун, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Рухшона Ҳотамӣ модаре тасвир шудааст, ки бо нияти зебо кардани духтарчааш ба абрувони ӯ усма мемолад. Вай ин корро бо ҳавас ва таҳти оҳанг иҷро мекунад. Рухшона навори худро чунин шарҳ медиҳад: «Усма як ороиши табиӣ аст, ки барои он пул сарф кардан зарур нест. Аксарият дар хонаи худ усма мекоранд ва тавассути он барои худ абрӯи ғафс ё борик месозанд. Хориҷиҳо аксарият дар ин бора намедонанд ва ман фикр кардам, ки барояшон ҷолиб хоҳад буд».
Шаҳром Бекматов дар бораи шаҳри таърихии Хуҷанд навор гирифтааст. «Хуҷанд, ки дар соҳили зебоманзари дарёи Сир ҷойгир аст, яке аз шаҳрҳои зебо ва бостонии Тоҷикистон аст ва таърихи беш аз 2500-сола дорад. Ҳар як меҳмони хориҷӣ, ки ба Тоҷикистон меояд, ҳатман бояд аз ин шаҳр дидан кунад».
ДАР АКСҲО: намояндаи Сафорати ИМА Ҷеф Руденур; ғолибони озмуни «Тоҷикистони ман!»; мақбараи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар Панҷакент.










РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






