Қудратулло Назарзода, сардори РВКД дар вилояти Суғд: «Милитсия-ҳамқадам, муҳофиз, мубориз ва сипари боэътимоди истиқлолият ва мардуми Тоҷикистон аст»

Ноябрь 10, 2018 12:50

ХУҶАНД, 10.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 10 ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил карда мешавад. Бояд гуфт, ки дар таҳкими сулҳ ва устувории пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи тартиботу оромии ҷомеа, ки имрӯзҳо ҷомеаи гуногунмиллати Тоҷикистон зиндагии осударо соҳиб аст, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ нақши арзанда доранд. Аз ҷумла, дар ин муддат кормандони милитсия ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз худ намунаи баланди ҷасорату мардонагӣ нишон дода, ҳамқадам, муҳофиз, мубориз ва сипари боэътимоди истиқлолият ва мардуми Тоҷикистон будани худро исбот намуданд. 

   Вобаста ба таҷлили санаи мазкур, инчунин дастоварду фаъолияти ин ниҳод дар шимоли мамлакат хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад ШАРИФЗОДА бо сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал — майори милитсия Қудратулло НАЗАРЗОДА мусоҳиба орост.

АМИТ «Ховар»: Милитсияро ҳомию пуштибони мардум мегӯянд. Зеро одамон дар симои кормандони ин ниҳод нафаронеро мебинанд, ки пайваста пайи ҳифзи оромию тартибот дар кӯча, маҳалла, шаҳр, ноҳия ва дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ заҳмат мекашанд. Мегуфтед, ки милитсияи тоҷик ин касби пуршарафро чанд сол аст, ки бар уҳда дорад?

Қудратулло Назарзода: Бояд гуфт, ки милитсияи тоҷик умри беш аз садсола дорад. Роҳи тайнамудаи милитсияи тоҷик — ин роҳи қаҳрамониву мардонагӣ ва роҳи хидмат ба халқу Ватани хеш буда, саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар таҳкими сулҳ ва устувории пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи тартиботу оромии ҷомеа назаррас аст.

Дар солҳои аввали таъсиси хеш милитсияи тоҷик ҳамчун идораи нави қудратии нигаҳбони низому тартибот, новобаста аз камбудиву мушкилоти корӣ, норасоии кадрҳои соҳавӣ,  бо садоқат ба савганд ва Ватани хеш алайҳи ҳама гуна зуҳуроти ҷиноӣ дар сафи пеши мубориза истода, дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният, пойдорӣ ва ҳифзи ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон нақши муассир гузоштааст.

Дар ташкил ва таҳкими фаъолияти пурсамари милитсияи вилояти Суғд фарзандони содиқи диёр — Ҳайдар Усмонов, Комил Ёрматов, Абдулло Ёрмуҳаммадов, Бобо Махкамов, Қодир Хабилов, Темурҷон Раҳимбоев, Абдуманнон Ғозиев, Алиҷон Раҳимҷонов ва садҳо нафарони дигар саҳми арзанда гузоштаанд.

Ҳамзамон баъди расидан ба Истиқлолияти давлатӣ милитсияи тоҷик ба як ниҳоди комилан бонуфузи миллӣ табдил ёфта, бо таъсиси сохторҳои мустақили худ фазои мусоиди ҳаёти арзандаро баҳри сокинони кишвар ба вуҷуд овард. Имрӯзҳо дастовардҳои беназири давлат — Истиқлолият, Сулҳ, Ваҳдат, волоияти қонун, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, ҳаёти осудаву ороми мардуми кишварро бе саҳми милитсия наметавон тасаввур кард.

АМИТ «Ховар»: Тавре зикр намудед, милитсия ҳомии  оромии сокинон ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо дар самти таъминоти моддиву техникии соҳа, омоданамоии кадрҳои соҳибкасбу таҷрибадор ва ҷисман обутобёфта чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

Қудратулло Назарзода: Бояд гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти муассири кормандони милитсияи тоҷик пайваста кўшишу ғамхорӣ намуда, давоми чанд соли охир ҷиҳати таҳкими таҳкурсии моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои он, инчунин барои дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ даҳҳо биноҳои маъмурӣ таъмиру тармим гардида, бо таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ мунтазам таъмин мешаванд. Ҳамчунин дар ин миён савияи дониш ва маҳорати касбии кормандон низ тақвият дода мешавад. Аз ҷумла, тибқи созишномаҳои байналмилалӣ ҳамасола даҳҳо нафар ҷавонони лаёқатманди тоҷик барои таҳсил ба донишкадаҳои олии кишварҳои хориҷӣ, чун Россия, Чин, Амрико, Туркия равон карда шуда, ҳамчунин норасоии кадрҳо аз ҳисоби дастпарварони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва факултаи 4-уми Академияи ВКД ҶТ, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, ки имсол онро беш аз 100 нафар хатм намуданд, таъмин карда мешавад.

Ҳамчунин таъмиру навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинову иншоот, чун бинои шуъбачаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар шаҳри Исфара, бинои шуъбачаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Айнӣ, Шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили РМЗҶМ ВКД дар вилояти Суғд, оғози сохтмони бинои нави Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, бунёди толору майдончаҳои варзишӣ, бо техникаву таҷҳизоти муосир ва шароити хуби хизмативу иҷтимоӣ таъмин гардидани онҳо, таъсиси хоҷагиҳои ёрирасони қисми низомии 3501 Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, ки имрӯз дорои 200 сар моли майдаву калон, 3 ҳавзи калон барои парвариши моҳӣ, шароити мусоид барои парандапарварӣ мебошад,  чун далели ғамхориву дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ метавон арзёбӣ намуд.

АМИТ «Ховар»: Вобаста ба вазъи содиршавии ҷиноят ва ошкор намудани он, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ ва инчунин ҳамкорӣ бо ҷомеа низ чанд сухан бигӯед.

Қудратулло Назарзода: Бояд гуфт, ки маҳз фароҳамоварии шароити хуби корӣ ва таъмин гардидан бо кадрҳои соҳибкасб сабаб  гардид, ки солҳои охир шумораи ошкоркунии ҷиноятҳои содиргардида бамаротиб афзояд. Аз ҷумла, агар соли равон дар миқёси вилоят 4573 ҷиноят ба қайд гирифта шуда бошад, 93,94 фоизи он аз ҷониби мутахассисони милитсияи вилоят ошкор ва муайян карда шуд. Беш аз 90 фоизи ошкор сохтани ҷиноятҳо ба кормандони самтҳои оперативӣ, хосатан мутахассисони шуъбаи ҷинояткорӣ марбут аст. Ҷиноятҳое, ки нисбат ба солҳои пешин афзудаанд, қаллобӣ-  794 адад (нисбат ба 534) ва дуздӣ- 909 адад (нисбат ба 810 ҳолат) мебошанд.

Ҳамчунин бо мақсади таъмини шаффофият дар фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва инъикоси натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ, инчунин робита бо ҷомеа дар назди Раёсат телефони «Боварӣ» таъсис дода шудааст, ки давоми 10 моҳи соли равон тавассути он 517 муроҷиати шаҳрвандон қабул гардидааст. Шумораи бештари муроҷиатҳо вобаста ба лату кӯб-16 ҳолат, барнагардонидани қарз-16 ҳолат,  қаллобӣ-12 ҳолат, ҳуқуқвайронкунӣ-85 ҳолат, дағалии кормандони мақомоти милитсия-64 ҳолат, талаб намудани маблағ-8 ҳолат, инчунин арзи сипос барои кумак ва фаъолияти саривақтии  баррасии ариза аз ҷониби кормандони милитсия- 39 ҳолат мебошанд.

Бояд зикр кард, ки дар бештари мавридҳо ошкоркунии ҷиноятҳо маҳз бо ҳамдастии аҳолӣ рӯи кор омада, мардум имрӯз ба мақомоти милитсия эътиқоди зиёд доранд. Инчунин дар самти  робита бо ҷомеа ҳар ҳафта рӯзи шанбе аз ҷониби масъулини раёсат ва сардорони шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳо рӯзи қабули шаҳрвандон доир мегардад.

Ҳамзамон вобаста ба масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бояд гуфт, ки имрӯз вазъи ҷаҳон, хатарҳои сар задани ҷинояткории муташаккил, терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва дигар ҳодисоти номатлуб ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мардуми кишвари моро низ бетараф гузошта наметавонанд. Аз ин лиҳоз, ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии вилоят низ дар самти таъмини тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Имрӯз дар вилоят шумораи ҷавононе, ки ба ин гуна гурӯҳҳои ифротӣ  шомил мешуданд, рӯз ба рӯз кам мешавад.  Шумораи бештари ҷавонони ба ин гуна ҳаракату равияҳо шомилшударо онҳое ташкил медиҳанд, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар давлатҳои хориҷӣ будаанд, ягон касбу ихтисоси муайяну дониши қофии динӣ надоранд ва аз сомонаҳои иҷтимоӣ бе мақсад истифода бурдаанд.

Ҳолатҳое ҳастанд, ки дар онҳо падару модарон низ гунаҳкоранд. Зеро ҷавононро ба ҷои гусел ба хизмати ҳарбӣ барои кор ба Россия мефиристанд, ки оқибат баъзеи онҳо ба доми чунин афроди нохалаф меафтанд.

Ҳамзамон аз ҷониби масъули мақомоти милитсияи вилоят дар ҳамдастӣ бо мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои марбута дар ташкилоту идораҳо, маҳаллаву ҷамоатҳо баҳри пешгирии чунин ҳолатҳои номатлуб ва ҷалби ҷавонон ба донишандӯзиву касбомӯзӣ, таъмини онҳо бо ҷои кор, бурдани тарзи ҳаёти солим корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодаанд.

АМИТ «Ховар»:  Касби мардона будани милитсия имрӯз дигар моҳияти худро гум кардааст. Ҳоло дар баробари мардон бонувон низ дар мақомоти милитсия  фаъолияти назаррас доранд. Ҳамин тавр не?

Қудратулло Назарзода: Бале. Имрӯз дар худи Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд 70 нафар бонувон фаъолият доранд, ки шумораи бештари онҳоро афсарон ташкил медиҳанд. Саҳми онҳо низ дар пойдории тартиботу амнияти вилоят назаррас аст. Ҳамзамон бонувони мақомоти милитсияи вилоят иштирокчии фаъоли бештари чорабиниҳои идонаву фарҳангии ҷумҳуриявию вилоятӣ мебошанд. Аз ҷумла, чанде пеш бо иқдоми Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо мақсади баланд бардоштани маърифати касбии кормандони милитсия, ҷалби онҳо ба мутолиаи асарҳои гуногуни илмию бадеӣ ва баланд бардоштани мавқеи суханварии онҳо миёни ҷомеа дар байни ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ВКД озмуни ҷумҳуриявӣ вобаста ба асари «Марги судхӯр»-и Садриддин Айнӣ гузаронида шуд. Дар он нозири Шуъбаи РВКД дар вилояти Суғд, лейтенанти калони милитсия Зарнигор Абдуқаҳҳорзода соҳиби ҷойи аввал гардид.

АМИТ «Ховар»:  Натиҷаи заҳмати шабонарӯзии кормандон аз ҷониби роҳбарият чӣ гуна қадрдонӣ мешавад?

Қудратулло Назарзода: Басо рамзист, ки ҳамасола даҳаи аввали моҳи ноябр кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари таҷлили Рӯзи Конститутсия иди касбии хеш — Рӯзи милитсияи тоҷикро ҷашн мегиранд.  Вобаста ба ин сана тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ барномаҳои тантанавӣ доир гардида, собиқадорони милитсия аёдат ва кормандони фаъол бо мукофотҳои давлатӣ, нишонҳои сарисинагӣ, ифтихорнома, рутбаҳои навбатӣ ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Танҳо тайи 6 соли охир бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидани 23 нафар ва дар давраи ҳисоботии 10 моҳи имсол бо медалу нишонҳои сарисинагӣ ва мукофотҳои соҳавӣ қадршиносӣ гардидани 265 нафар масъулини мақомот  бозгӯи маҳорату малакаи баланди касбии онҳо дар таъмини волоияти қонун, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.

АМИТ «Ховар»:  Рӯзи милитсияи тоҷикро ба Шумо ва тамоми кормандони  милитсияи вилояти Суғд муборак мегӯем…

Қудратулло Назарзода: Ман низ дар ин робита ба мардуми Тоҷикистон осмони софу беғубор ва хонаободӣ, ҳамчунин ба ҳамкасбон, кормандони мақомоти милитсия дар адои хизмати пуршарафу сермасъулияташон ба манфиати давлат ва мардуми Тоҷикистон саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барору комёбӣ орзумандам.

Ноябрь 10, 2018 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

15 МАЙ- РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИҚЛИМ. Тағйирёбии иқлим аз ҷомеаи ҷаҳон ҳамкории устувор ва дурандешӣ тақозо менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ