Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба муомилот баровардани пули қалбакиро пешгирӣ намуд

Ноябрь 24, 2018 09:20

ДУШАНБЕ, 24.11.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳолати ҷиноятии ба муомилот баровардани пули қалбакӣ ва қоғазҳои қиматнокро дар ҳудуди вилоят ошкор ва пешгирӣ намуданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, воридоти асъори қалбакии евро — пули бонки марказии Аврупо ба қаламрави Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрванди Федератсияи Россия Виданов Роман Владимирович, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Новосибирск анҷом дода шудааст.

«18 ҳазор евро купюраҳои 500-евроӣ буда, тибқи хулосаи ташхис бе риояи талаботи технологӣ сохтакорӣ шудаанд»,- хабар дод манбаъ.

Гумонбаршуда баъди иваз намудани 5 ҳазор евро дар яке аз бонкҳои ноҳияи Б.Ғафуров дастгир карда шуда, баъди кофтукови шахсӣ аз ӯ  дар маҷмӯъ 36 адад купюраи қалбакии 500- евроӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, мутобиқи маълумоти фаврӣ, гумонбаршуда ду маротиба бо моддаи 158 Кодекси ҷинояти Федератсяи Россия барои дуздӣ суд шудааст ва аъзои шабакаи фаромиллии ҷиноятиест, ки ба сохтакории асъори қалбакӣ сару кор доранд.

Виданов Роман Владимирович асъори қалбакиро дар Ҷумҳурии Қирғизистон дастрас намудааст ва аз рӯи дастури гирифта, ба муомилот баровардани он бояд дар Тоҷикистон сурат мегирифт. Бо ин мақсад тавассути гузаргоҳи расмии минтақаи Исфара вориди Тоҷикистон шудааст.

Айни ҳол барои ба муомилот баровардани пули қалбакӣ нисбат ба гумонбаршуда бо моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Мақомоти милитсия шаҳрвандонро ҳушдор медиҳанд, ки асъори хориҷиро аз бонкҳо дастрас ё дар нуқтаҳои махсуси мубодилавӣ иваз намуда, манфиати молу мулкии худро ҳифз намоянд.

Ноябрь 24, 2018 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид