74 нафар варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд, ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд
ДУШАНБЕ, 05.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз таҳти раёсати Азим Иброҳим—муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ҷаласаи навбатии комиссияи мазкур баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои комиссия, аз ҷумла намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, федератсияҳои варзишӣ ва роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ширкат варзиданд.
Дар рўзнома як масъала – муҳокимаи номзадҳои пешниҳодшуда барои дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар соли 2018 пешбинӣ шуда, аз ҷониби аъзои комиссия мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.
Комиссияи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ бо қарори худ 74 нафар варзишгаронро, ки соли 2018 дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро боло бардошта, сазовори ҷойҳои намоён шудаанд, барои гирифтани ҷоизаи зикршуда дар соли равон пешниҳод намуд.
Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби Азим Иброҳим — муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи зикршуда вобаста ба вусъат бахшидани фаъолияти федератсияҳои варзишӣ, иҷрои саривақтии барномаҳои соҳавӣ, таъмини омодагии ҳамаҷонибаи варзишгарону ҳайати мураббиён барои иштирок дар мусобиқаҳои варзишии байналмилалии минбаъда ва дар маҷмуъ, рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди ҳозирин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Хотиррасон бояд шуд, ки бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии варзишгарон бо иқдоми Сарвари давлат аз 9 январи соли 2015 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» ба имзо расида, соли 2016 бисту як нафар ва соли 2017 бисту шаш нафар варзишгарон соҳиби ин ҷоиза гардиданд.
Ҷоизаи мазкур ҳамасола ба варзишгарони беҳтарин супорида мешавад ва ҳаҷми маблағи он вобаста ба натиҷаи бадастоварда ва намуди варзиш аз 15000 то 300000 сомонӣ муқаррар шудааст.








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд






