Ҳаким Фузайлов сармураббии дастаи футболи «Истиқлол» таъйин гардид
ДУШАНБЕ, 04.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти дастаи футболи «Истиқлол» Ҳаким Фузайловро ба вазифаи сармураббии бошгоҳ таъйин намуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Шартнома байни дастаи футболи «Истиқлол» ва сармураббӣ 3 декабр ба имзо расид. Дар назди мутахассиси ҳамватанамон дар ҳама мусобиқаҳое, ки қаҳрамони 7-каратаи кишвар ширкат мекунад, ҳадафҳои бузург гузошта шудаанд. Ҳаким Фузайлов рӯзҳои наздик расман ба аҳли даста муаррифӣ мешавад ва сипас ба кор шурӯъ хоҳад кард.
Ба Фузайлов дар даста Алишер Тӯхтаев, ки то ин дам сармураббии даста буд, ва Александр Кит, ки ба тамринҳо бо дарвозабон ҷавобгар аст, кумак хоҳанд кард.
«Пеш аз ҳама ин масъулияти калон мебошад, зеро сол аз сол «Истиқлол» нишон медиҳад, ки ӯ боқувваттарин бошгоҳи кишвар аст ва Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои бонуфузи Осиёӣ муваффақона намояндагӣ мекунад. Гурӯҳи калони футболбозни ин бошгоҳ дар дастаҳои яккачини гуногуни кишвар ҳунарнамоӣ мекунанд ва ин масъулиятро боз ҳам бештар мекунад. Фаъолият кардан дар бошгоҳе, чун «Истиқлол» хеле гуворост, зеро назди даста дар мусобиқаҳои бонуфуз ҳадафҳои бузург гузошта шудаанд»,– гуфт Фузайлов пас аз таъйин гардидан ба ҳайси сармураббии дастаи футболи «Истиқлол».
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз моҳи апрели соли 2016 то моҳи марти соли 2018 Ҳаким Фузайлов сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ҳамчунин ӯ сармураббии дараҷаи «Pro» ба шумор меравад.








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд






