«Барои ворид кардани дорувории пастсифату қалбакӣ ҷавобгарӣ пурзӯр мешавад» -шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 13.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доранд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораи рӯзи 12 декабри соли равон (№245 (23588) таҳти сарлавҳаи «РОҒУН. Тамаддуни зеризаминӣ» мақолаи пурмуҳтавои доктори илмҳои таърих Фозил Абдурашидовро ба нашр расонидааст. Муаллиф дар ин мақола, аз ҷумла менигорад: «Аҳамияти иқтисодии НБО «Роғун» дар он аст, ки мамлакат аз давлати воридкунандаи энергетика ба содиркунандаи барқ табдил меёбад. Яке аз қисматҳои муҳими корҳои сохтмон ва насбкунӣ дар НБО «Роғун» коргоҳи васлкунӣ мебошад. Ҳоло дар ин коргоҳ як трансформатори барқии электрикӣ давоми як моҳ омода карда мешавад. Дар оянда он дар насби трансформаторҳои НБО «Роғун» ҷиҳати ҷамъоварӣ ва тайёр кардани трансформаторҳо барои дигар неругоҳҳои хурду калони энергетикӣ хизмат мекунад. Дар фаъолияти аксарияти корхонаҳои саноатӣ, ки номувозинатии барқ дар фасли зимистон зоҳир мешавад, ҳалли худро меёбад.
«Роғун», пеш аз ҳама, ба рушди саноати мамлакат имконот фароҳам меорад. Ғайр аз ин, ба густариши муносибатҳои энергетикии байнидавлатию гардиши савдои байналмилаливу обёрии майдонҳои кишти ҷумҳурӣ ва дигар кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд».
Ҳамчунин дар ҳамин шумораи нашрияи «Ҷумҳурият» таҳти сарлавҳаҳои «Китобдорӣ. Дирӯз ва имрӯз», «Осорхонаҳои таълимӣ. Исфара намунаи ибрат аст», «Бузургонро бузургон зинда медоранд. Боғи нави пойтахт бо пешниҳоди Пешвои миллат номи Аҳмади Донишро гирифт», «Тӯрақул Зеҳнӣ ва санъати сухан», «Ноҳияи Темурмалик. Ҳанӯз ҳам хатари сел эҳтимол дорад» мақолаҳои ҷолибу хонданбоб пешниҳоди хонанагони рӯзнома гардидаанд.
Муаллифи маводи «Ноҳияи Темурмалик. Ҳанӯз ҳам хатари сел эҳтимол дорад» рӯзноманигор Холназар Касиров, аз ҷумла менигорад: «Дарёи Сурхоб, ки аз мавзеъҳои баландкӯҳи Ховалингу Сари Хосор сарчашма мегирад, ҳангоми обхезиҳои фасли баҳор яке аз омилҳои ба вуҷуд омадани сел дар ноҳияҳои Балҷувон, Темурмалик ва Восеъ ба ҳисоб меравад. Ҳар сол дар натиҷаи боронҳои пай дар пай сатҳи об баланд шуда, аз қисматҳои алоҳидаи он селоба ҷамъ шуда, ба хоҷагии халқи ноҳияҳои мазкур хисорот меорад. Дар ноҳияи Темурмалик саргаҳи омадани сел-шаҳраки Советро хатари шусташавӣ аз сел таҳдид мекунад. Тайи 2 соли охир барои пешгирӣ аз ин офати табиӣ аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба соҳили дарё зиёда аз 16 ҳазор метри мукааб сангу шағал кашонда шуда, 2,2 километри он соҳилбандӣ гардидааст». Муаллиф бо чунин мазмун маводашро ҷамъбаст намудааст: «Тавре Эмомиддин Аслзода, раиси ноҳия иброз дошт, дар ин самт ҳанӯз мушкилоти ҳалталаб хеле зиёданд. Аз ҷумла, кумакҳо баҳри пешгирӣ аз сел ҳар сол сари вақт дастрас намешаванд. Бовар аст, ки ин ва мушкилоти дигари ҷойдошта дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи давлатӣ ояндаи наздик ҳалли мусбати худро меёбанд. Тавре мегӯянд: «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» бояд бошад».
Дар саҳифаи 1-уми нашрияи парлумонии «Садои мардум» (№147, 08.12.2018) хабари муфассал дар бораи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ва гузориш аз ҷараёни Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарлавҳаи «Барои ворид кардани дорувории пастсифату қалбакӣ ҷавобгарӣ пурзӯр мешавад» нашр гардидааст.
Дар гузориши мазкур узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Бахтовар Сафарзода, аз ҷумла иброз намудааст: «Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва ба муомилот баровардани доруворӣ ва хӯроквории бесифат, қалбакӣ, ғайристандартӣ ва ё муҳлати истифодаашон гузашта ё истеҳсол кардани онҳо, ҳамчунин баҳри ҳимояи ҳаёту саломатии инсон пешниҳод гардидааст.
Қабули лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда чораҷӯиест ба хотири амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд. Мувофиқи лоиҳаи қонуни мазкур, матни моддаи 121 қисми 1 ҳисобида ва санксияи он дар таҳрири нав ифода карда мешавад. Яъне, мувофиқи тағйироти пешниҳодгардида, акнун барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани доруворӣ ва иловаҳои хӯрокворӣ, истеҳсол кардан, ба муомилот баровардани онҳо, истифода бурдани доруворӣ ва иловаҳои хӯроквории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ё ба талаботи стандартҳои муқарраршуда номувофиқ, инчунин муҳлати истифодаашон гузашта ҳангоми набудани аломати ҷиноят ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷоҳ то сад, ба шахсони мансабдор аз яксаду панҷоҳ то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад. Ҳамчунин ба моддаи мазкур қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда мешавад: «2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда,-ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сад то дусад, ба шахсони мансабдор аз сесад то панҷсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад».
Нашрияи «Народная газета» дар шумораи рӯзи 12 декабри соли равон (№50(20176) мақолаҳои «Неругоҳи барқи обии Роғун Тоҷикистонро ба истиқлолияти энергетикӣ наздик кард», «Қалбакӣ будани доруро чӣ тавр бояд санҷид? », « Нозири минтақавии Шумо», «Тоҷикистон — Ӯзбекистон»: намунаи ҳамкории бародарона», «Таърихи як сурат» ва дигар хабару гузоришҳоро чоп карда, оид ба навигариҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ маълумот пешниҳоди хонандагон кардааст.
Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ инчунин мақолаҳои зеринро чоп намудааст: «Илм –омили муҳими рушд?», « Неруи созанда», «Оянда аз иқтисодиёти ғайринақдист», «Чеҳраҳои таърихсоз», «Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад», «Ҳаргиз накунад пиёз бӯи гули сурх».
«Мароми пойтахт» — нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе мақолаҳои хабарнигорони ин рӯзномаро таҳти сарлавҳаҳои «Аз эъломияи Куруши Кабир то ҳуқуқи башар», «Чакан-олами нақшу нигор», «Истиқлол» -рушди устувори соҳаи тандурустӣ» ва ғайраҳоро нашр кардааст, ки мутолиаи онҳо ба хонандагон як ҷаҳон ғизои маънавӣ мебахшад.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






