БАЗМИ ЗЕБО. Бахшида ба 55–солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии CCCР Зебо Аминзода маҳфили ҳунарӣ барпо мегардад
ДУШАНБЕ, 11.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. 17 декабри соли ҷорӣ, соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 55–солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва Ҳунарпешаи халқии СССР Зебо Аминзода барномаи консертӣ таҳти унвони «Базми Зебо» баргузор мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар барномаи консертӣ ҳунарпешаҳои гурӯҳҳои рақсӣ аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Зебо Аминзода аз зумраи саршиносони санъати касбии тоҷик ба ҳисоб рафта, саҳми ин устоди рақс дар рушди санъати волои тоҷик беназир мебошад. Мавсуф дар санъати рақси миллии тоҷик таҳаввулоти бузург ворид сохт, ки имрӯз даҳҳо шогирдони ӯ идомадиҳандаи кори устод мебошанд.
Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» — и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 майи соли 1979 таъсис ёфта буд. Зебо Аминзода, ки он вақт вазифаи роҳбарии ансамблро ба уҳда дошт, дар асоси озмун 25 нафар духтаронро интихоб намуд. Баъдан 10 нафар духтарони зебою мавзунқомат ба ин ансамбл қабул шуданд.
Раққоса ва хореографи боистеъдод ҳар сол 10 – 12 рақси навро рӯи саҳна меовард. Ансамбли ӯ тайи якчанд сол на фақат дар Тоҷикистон, балки дар ҳудуди собиқ ИҶШС ва берун аз он машҳур гардида, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ кард. Ансамбли мазкур соҳиби мукофоти Комсомоли ленинии собиқ СССР гардида, соли 1986 роҳбари он сазовори унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии СССР гардид.
Ёдовар мешавем, ки Зебо Аминзода хатмкунандаи Омӯзишгоҳи хореографии Москва дар назди Театри Калони Россия ва Мактаби олии рақсу хореографии Тошканд, дорандаи медали тиллои Фестивали 9–уми умумиҷаҳонии ҷавонону донишҷӯён дар София мебошад.









Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






