«Бемории сил табобатшаванда аст»- таҳти чунин унвон миёни рӯзноманигорони ВАО озмун эълон мегардад

Декабрь 25, 2018 10:00

 ДУШАНБЕ, 25.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади беҳтар инъикос намудани роҳҳои пешгирӣ ва наҷот аз бемории сил Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи USAID дар Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди бемории сил байни рӯзноманигорони ВАО озмун эълон мекунанд.

Ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани сатҳи донишу маълумоти аҳолӣ оид ба мавзӯъҳои калидии бемории сил ва мубориза бар зидди он, ташаккул додани таҳаммулпазирӣ, муносибати неку бомасъулият дар ҷомеа нисбат ба беморони сил ва тақвияти муколама дар ҷомеа оид ба масъалаҳои сил мебошад.
Ба озмун барномаҳои телевизионию радиоӣ, маводи дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва интернет нашршуда, ки ба масъалаҳои бемории сил дар Тоҷикистон бахшида шудаанд, пешниҳод карда мешаванд.

Нусхаи асл ё рӯнавишти мавод бо нишон додани таърихи нашр, рўзу вақти пахш дар эфир, номи ВАО ва ному насаби муаллиф қабул карда мешавад. Ба озмун маводе, ки аз 1 октябри соли 2018 то 31 марти соли 2019 нашр ва ё пахш шудаанд, қабул шуда, ба маводи дар қолаби жанрҳои таҳлилӣ навишташуда афзалият дода мешавад.

Ба ҳайати ҳакамон намояндагони воситаҳои ахбори омма, коршиносони силшинос, инчунин намояндагони USAID, ки доир ба масъалаҳои сил кор мебаранд, дохиланд.

Маросими супоридани ҷоиза ба ғолибон моҳи апрели соли 2019 муайян шудааст.

Декабрь 25, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд