Бонувони Тоҷикистон дар Чемпионати CAFA-2018 медали биринҷӣ гирифтанд

Декабрь 3, 2018 09:20

ДУШАНБЕ, 03.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол дар даври ниҳоии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бар дастаи Афғонистон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуда, сазовори медали биринҷӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар бозӣ бо дастаи бонувони Афғонистон дар ҳайати дастаи  бонувони мо Мадина Фозилова, Шукронаи Ҷумъахон дуголӣ, Лайло Ҳалимова як гол ба ҳадаф расониданд.

Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол барандаи медалҳои биринҷии чемпионати CAFA-2018 гардид. Дар мусобиқаи мазкур, ки дар Тошканд доир гашт, дастаи мунтахаби бонувони мо бо роҳбарии Сулаймон Бобокалонов аз 12 холи имконпазир 6 хол ба даст оварданд. Футболбозбонувони мо бар дастаҳои Қирғизистон (1:0) ва Афғонистон (5:0) ғалаба карда, аз дастаҳои Ӯзбекистон (0:11) ва Эрон (1:4) мағлуб шуданд.

Дастаи бонувони Ӯзбекистон, ки дар ҳар 4 бозӣ ғалаба кард, ғолиби чемпионат шуд. Медалҳои нуқра насиби дастаи Эрон гардид. Қирғизистон ҷои чорум, Афғонистон ҷои панҷумро ишғол карданд.

Пас аз натиҷагирии Чемпионати CAFA дар Тошканд дастаи  мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар баробари медалҳои биринҷӣ ҳамчун дастаи боинтизоми чемпионат ҷоизаи фахрии «Fair play»-ро сазовор шуд.

Декабрь 3, 2018 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд