Дар Душанбе Конгресси миллии шахсони маъюби Тоҷикистон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 03.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии шахсони дорои маъюбият, ки ҳамасола 3 декабр дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе Конгресси миллии шахсони маъюби Тоҷикистон оғоз ёфт.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷамъомад намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафоратҳои Германия ва Франсия, ҳамчунин аз тамоми манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя шахсони дорои маъюбият ҷамъ омада, дастовардҳои худро муарифӣ намуданд.
Ҳамчунин дар Конгресси мазкур бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби шахсони маъюб тайёр шудаанд, ба маърази намоиш гузошта шуд.
Бояд гуфт, ки ҳамоиши мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд тӯли се рӯз дар Маркази исмоилия идома ёфта, ҳамчунин дар он як зумра масъалаҳои вобаста ба рӯзгори шахсони маъюб баррасӣ мегарданд.
Тавре роҳбари Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон (ИММТ) Асадулло Зикрихудоев зикр намуд, «дар чорчӯбаи Конгресс озмуни «Бонуи мустақил – 2018» байни духтарони маъюб аз чор минтақаи Тоҷикистон- Суғд, Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеъи марказ гузаронида мешавад. Озмуни мазкур ба баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ва пешгирии хушунат нисбат ба онҳо нигаронида шудааст», — гуфт ҳамсуҳбати мо.











«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид






