Дар Душанбе масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 05.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Мусоидат барои содирот ба бозорҳои Аврупо» тренинги амалӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, тренинги мазкур бо ташаббуси Ассотсиатсияи миллии менеҷерон ва маркетингшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд. Дар он намояндагони ҷамъиятҳои саҳомӣ ва соҳибкорони ватание, ки ба рушди савдои дохиливу хориҷии мамлакат саҳмгузоранд, иштирок намуданд.
Раиси Ассотсиатсияи миллии менеҷерон ва маркетингшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бозоров зикр намуд, ки мақсад аз баргузории тренинги имрӯза мусоидат намудан ба амалигардии ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва муаррифӣ намудани имкониятҳои содиротии молҳои истеҳсоли ватанӣ ба хориҷи кишвар мебошад.
«Барои ташкили истеҳсолоти воридотивазкунанда дар доираи Барномаи болозикр 20 номгӯй молу маҳсулоти самтҳои ояндадори истеҳсолот интихоб шудаанд. Баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, афзоиши ҳаҷми содироти ғайри ашёи хом ва кам кардани молҳои истеъмолӣ ва хизматҳо дар ҳаҷми умумии воридот тадбирҳои асосӣ дар самти истеҳсолоти воридотивазкунандаанд»,- илова намуд Шавкат Бозоров.
Зикр шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои зиёди ба хориҷи мамлакат содир намудани маҳсулоти хоҷагии кишоварзӣ мавҷуд мебошанд. Аз ҷумла, Ҳукумати мамлакат барои бештар намудани ин раванд шароити мусоид фароҳам овардааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии давлатии содирот ва воридотивазкунӣ дар доираи Барномаи мазкур тадбирҳои воридоти бе андозу бе боҷи технологияҳо ва таҷҳизоти нав, ҳавасмандгардонии содирот дар доираи созишномаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, такмили батанзимдарории гумрукӣ ва асъорӣ, чораҳои зиддидемпингӣ ва муҳофизатӣ, омилҳои андозӣ ва механизмҳои молиявию қарзӣ, аз ҷумла беҳтар намудани дастрасӣ ба молияи содироткунандагон ва истеҳсолоти воридотивазкунанда, инчунин тадбирҳои махсуси соҳавӣ пешбинӣ гардида, дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд.
Ба вуҷуд омадани шаклҳои гуногуни моликият, ташкили намудҳои мухталифи пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ, ҷорӣ намудани пули миллӣ, озод намудани нархҳо, ташкили корхонаҳои муштарак, ташкили савдои озоди хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои афзалиятноки иҷтимоӣ барои тақвияти иқтисодиёти Тоҷикистон қадамҳои ҷиддӣ мебошанд.
Дар тренинг гуфта шуд, ки дар мамлакат Комиссияи доимӣ оид ба таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот таъсис дода шудааст, ки барои рушди фаъолият дар ин самт заминаи хуб фароҳам меорад.
Ба гуфтаи иштирокчиён, яке аз корҳое, ки дар самти содирот намудани маҳсулоти ватанӣ ба кишварҳои хориҷ мусоидат менамояд, ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад, ки дар ин самт дар мамлакати мо заминаи меъёриву ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.
Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»












35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд






