Дар Душанбе табибони Тоҷикистон ва Туркия таҷрибаи ҳамдигарро меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 11.12.2018. /АМИТ «Ховар» /. Дар шаҳри Душанбе ба 33 нафар табибон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон оид ба аҳамияти санҷиши шунавоии кӯдакони навзод дарси назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи дарси мазкур муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, ҳамоҳангсози барномаи ТИКА дар шаҳри Душанбе Тарик Мете ва дигарон иштирок намуданд.
Ба иттилои манбаъ, барномаи омӯзишии мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ТИКА баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории он дар Тоҷикистон ҷорӣ намудани таҷрибаи Туркия дар самти аз санҷиши шунавоӣ гузаронидани кӯдакони навзод мебошад.
Бояд гуфт, ки дар Туркия 98 фоизи кӯдакони навзод аз санҷиши шунавоӣ гузаронида мешаванд.
Зикр шуд, ки ин марҳилаи аввали лоиҳа буда, дар марҳилаи дуюми он аз ҷониби табибони турк дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон чунин дарсҳо гузаронида мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки дар ин марҳила ба беморхонаҳои гуногуни минтақаҳои Тоҷикистон тақдим намудани таҷҳизоти санҷиши шунавоӣ дар назар аст.








«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид






