Дар фестивали «Боми ҷаҳон-макони сайёҳӣ» ҳунарҳои мардумӣ ва филмҳои ҳуҷҷатӣ ба намоиш гузошта шуданд

Декабрь 3, 2018 16:45

ХОРУҒ, 03.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Фестивали минтақавии сайёҳии «Боми ҷаҳон-макони сайёҳӣ» баргузор гардид. Дар фестивал намояндагони шуъбаҳои рушди сайёҳии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ширкат намуданд.

Муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳабибулло Амирбекзода изҳор дошт, ки ҳадаф аз баргузор намудани Фестивали минтақавии сайёҳии «Боми ҷаҳон-макони сайёҳӣ» боз ҳам аз наздик шинос намудани масъулони шуъба ва бахшҳои рушди сайёҳии минтақаҳои кишвар бо мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҷойҳои таърихии минтақаи Бадахшон ба ҳисоб меравад. Сайёҳӣ аз сердаромадтарин соҳаи иқтисодиёт ба шумор рафта, барои таъсиси ҷойи кори доимӣ ва  мавсимӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин дар ин замина метавон фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ ва маконҳои сайёҳию таърихиро барои сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ намуд. Таъсис додани як сохтори алоҳида барои рушди соҳаи сайёҳӣ бори дигар аз таваҷҷуҳи Пешвои  миллат нисбат ба рушди ин соҳа гувоҳӣ медиҳад.

Мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Умриниссо Ниёзбекова гуфт, ки «шароити мусоиди табиӣ, иқлими гуногуни Тоҷикистон барои инкишофи соҳаи сайёҳӣ ва ба роҳ мондани хизматрасонии муосири ҷаҳонгардӣ имконият медиҳанд ва ин аст, ки сол аз сол шумораи сайёҳон боз ҳам афзоиш меёбад. Дар чанд соли охир масъалаи омода намудани мутахассисони касбии соҳаи сайёҳӣ бо шумули тарҷумонҳои забонҳои гуногуни хориҷӣ, раҳнамо барои кӯҳнавардон, дӯстдорони фарҳангу ҳунар дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад. Зеро бе мутахассиси касбӣ рушди ин ё он соҳа ғайримкон аст».

Иштирокчиёни фестивали минтақавии сайёҳӣ аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд. Ин намоишгоҳ аз он шаҳодат медод, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ воқеан соҳаҳои мазкур хеле инкишоф ёфтаанд. Танҳо дар ин сол садҳо нафар ҳунармандони мардумӣ ба таври инфродӣ ва дастҷамъона ба фаъолият оғоз карда, маҳсулоти онҳо мунтазам ба намоишу фурӯш гузошта шуданд.

Дар ҷараёни фестивал филмҳои кӯтоҳи мустанад, ки ба қалъаҳои қадимӣ, қуллаҳои осмонбусу кӯлҳои афсонавӣ ва расму суннатҳои сокинони ноҳияҳои ин вилоят бахшида шуда буданд, ба намоиш гузошта шуданд.

Декабрь 3, 2018 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд