Дар назди Арчаи асосии мамлакат ярмаркаи солинавӣ ташкил гардид

Декабрь 20, 2018 13:15

ДУШАНБЕ, 20.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан  иттилоъ додем, тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  корҳои омодагӣ ҷиҳати бошукӯҳ ҷашн гирифтани  Соли нави мелодӣ  идома дошта,  дар рӯ ба рӯи Арчаи солинавӣ дар  Майдони «Дӯстӣ» -и пойтахт   ярмаркаи солинавии  фурӯши маҳсулоти гуногуни хӯрокӣ ва туҳфаҳо иборат аз 12  ғурфаҳои  чӯбин  ташкил гардидаанд. 12   ғурфаи  чӯбин  рамзи 12 моҳи соли мелодиро доранд.  Фаъолияти ин ярмарка то 13 январи соли 2019  идома меёбад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом бо мақсади таъмини  фароғати сокинону меҳмонони пойтахт ба истиқболи Соли нави мелодии 2019 ва афзун намудани шодию нишоти онҳо дар  гирди арчаи солинавӣ роҳандозӣ гардидааст. Сокинону меҳмонони пойтахт  метавонанд аз ин ярмарка  хӯрокҳои тезтайёр, ҳар гуна кулчақанду шириниҳо, яхмосу нӯшокиҳо  ва туҳфаҳои рамзиро дастрас намоянд.  Ин  ғурфаҳои савдо барои боз ҳам бофароғат гузаронидани  истироҳати  сокинону меҳмонони пойтахт дар ин макон мусоидат менамоянд. Ҳар шом мардуми зиёд дар ин макон ҷамъ омада, бо ҳам акс мегиранд, сайру гашт  менамоянд ва аз хизматрасонии ин ярмаркаи солинавӣ  истифода мебаранд.

Бояд ёдовар шуд,  ки  дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт,  дар паҳлӯи   Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ  арчаи солинавӣ   бо баландии 27 метр  ва паҳноии 14 метр  қомат  афрохтааст. Тавре  муовини директори  Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»  Шарофиддин  Талабов ба  мухбири АМИТ «Ховар»  иброз дошт, арчаи солинавӣ бо  12 ҳазор бозичаҳо  ва муосиртарин таҷҳизоти ороишӣ  зебу зиннат дода шуда, дар он чароғакҳои светоидӣ бо  4 ранг насб  гардидаанд.

Ҳамчунин дар  паҳлӯи  дигари  Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ    барои аксбардории сокинону меҳмонони пойтахт навиштаҷоти калони «СОЛИ 2019» бо  чароғакҳои светоидӣ насб гардидааст.

Хотиррасон менамоем, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   31 декабр  аз соати  20:00 то 22:00  дар майдони   «Дӯстӣ»   Шоу-барномаи солинавӣ  доир карда мешавад. Инчунин дар ин рӯз  дар  чор ноҳияи  пойтахт, аз ҷумла, дар «Майдони 800-солагии Москва»,   Амфитеатри «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»,  Боғи «Дӯстии халқҳо»,  хиёбони Сино, назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон  ва  Сирки давлатии Тоҷикистон, ки   арчаҳои идона гузошта шудаанд,  барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки  ҳофизону ҳаҷвнигорони маъруфи  мамлакат баргузор мегарданд.

Ҳамчунин 29 декабри соли равон дар толори Сирки давлатии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ барои хонандагону тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҳудуди шаҳри Душанбе таҳти унвони «Шаҳри орзуҳо» барномаи рангини консертӣ баргузор мегардад. Дар ин барномаи фарҳангӣ қариб 2 ҳазор нафар тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳои ҳудуди пойтахт ва оилаҳои камбизоати он фаро гирифта шуда, ба ҳар яки онҳо аз номи Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда мешаванд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида,  дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ   шахсони масъули дастгоҳи  Раиси  шаҳри Душанбе ба аёдати пиронсолону ятимони пойтахт мераванд.

Ҳамчунин  барои   бошукӯҳ гузаронидани ҷашни Соли нави мелодӣ  дар дигар гӯшаву канорҳои  пойтахт, аз ҷумла, дар чор ноҳияҳои шаҳри Душанбе — Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, майдони 800-солагии Москваи ноҳияи Шоҳмансур, Боғи фарҳангу фароғатии ба номи А.Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ  ва   майдони паҳлӯи  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  арчаҳои идона гузошта шудаанд.

Ёдовар  мешавем, ки аз 21 то 31 декабри соли 2018 дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор мегарданд. Ин ярмаркаҳо  дар асоси қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт дар арафаи таҷлили  Соли нави мелодии 2019  ташкил карда мешаванд.

Тибқи иттилои манбаъ, кишоварзони вилояти Суғд дар КВД «Бозори Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, деҳқонони  шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Лахш, Файзобод, Рашт, Нуробод, Тоҷикобод ва Сангвор дар бурриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон),  намояндагони хоҷагиҳои деҳқонии  шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор ва ноҳияҳои Шаҳринаву Рӯдакӣ  дар майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино ва  деҳқонони  вилояти Хатлон дар майдончаи назди КВД «Бозори Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ маҳсулоти мавриди  ниёзи аввалро ба сокинону меҳмонони шаҳр бо нархҳои дастрас пешниҳод менамоянд.

Декабрь 20, 2018 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавсеаи робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Теҳрон баррасӣ гардид
Раиси шаҳри Душанбе бо губернатори Ҳукумати мардумии музофоти Шенсии Чин мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Кейко Фурута мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» баргузор мешавад
Рустами Эмомалӣ бо Кетрин Мери Рассел мулоқот намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои директорони шабакаи телевизионии «Евронюс» Педро Варгас Сантос Давид мулоқот намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши табибони ҷавони шаҳри Душанбе баргузор шуд
Шаҳри Душанбе то соли 2028 пурра ба нақлиёти мусофиркаши барқӣ мегузарад
Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» баргузор мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ноҳияи Сино супорида шуд
Дар Душанбе ба пешвози меҳмонон-иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо омодагӣ мегиранд