Дастаи футболи «ОРЗУ-2026» ғолиби Ҷоми Ислом Маҳмадшоев гардид
ДУШАНБЕ, 12.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи наврасони «Орзу-2026»-и Академияи ФФТ дар бозии финалӣ дастаи футболи вилояти Хатлонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуда, соҳиби Ҷом гардид.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд. Зикр шуд, ки даври ниҳоии мусобиқа дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардид. Дар ин вохӯрии ҷолиб голи ягонаро футболбози дастаи «Орзу-2026» Алинур Ниёзбеков вориди дарвозаи ҳариф намуд.
Хотиррасон менамоем, ки мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни наврасони соли таваллудашон 2001-2002 ба гиромидошти хотираи собиқ котиби генералии ФФТ Ислом Маҳмадшоев бахшида шуд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа ноиби ФФТ Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи кӯдакону наврасон Увайдо Давлатбеков, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Маҳмадализода ва сармураббии дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Ҳаким Фузайлов ва дигар намояндагони футболи кишвар иштирок намуда, ба ғолибон ҷоизаву медалҳоро тақдим намуданд.










БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






