Донёрбек Мирҳомидов ғолиби Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ихтироъкорон ва навоварони наврасу ҷавон гардид

Декабрь 5, 2018 08:50

ДУШАНБЕ, 05.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ихтироъкорон ва навоварони наврасу ҷавон, озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд ва озмунҳои вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018» ва «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» муайян ва қадрдонӣ гардиданд. 

Маросими қадрдонии ғолибони Фестивал ва озмунҳо дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, аҳли илму адаб, устодону донишҷӯён, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти олию миёна ва кормандони китобхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят доир гардид.

Дар бахши наврасони то 16-солаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ихтироъкорон ва навоварони наврасу ҷавон ҷойи 1-умро хонандаи синфи 8-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Донёрбек Мирҳомидов ва дар бахши ҷавонон ҷойи 2-юмро донишҷўи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Бобоҷон Қайюмов соҳиб шуданд.

Дар озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» Китобхонаи марказии шаҳри Исфара, китобхона-филиали №2 деҳаи Ғўлакандози Ҷаббор Расулов, китобхона-филиали №20 деҳаи Қалъачаи Азими ноҳияи Деваштич ва Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукўҳӣ ғолиб дониста шуданд.

Дар бахши «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018» ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро хонандаи Литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи М.Осимии шаҳри Хуҷанд Меҳринисо Ҳошимова, хонандаи Гимназияи «Кавсар»-и шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Қурбонбоев  ва хонандаи МТМУ №1-и шаҳри Гулистон Ситора Алиқулова соҳиб гаштанд. Дар бахши донишҷӯён ҷойи аввалро донишҷӯи Донишгоҳи давлатии  ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Оростамоҳ Қодирзода, ҷойи дуюмро донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Парвина Содиқова  ва ҷойи сеюмро донишҷӯи ҳамин донишгоҳ Ирода Ахмедҷонова ишғол карданд.

Ёдовар мешавем, ки 30 майи соли 2018 бо мақсади рушди илмҳои дақиқ, ҳавасмандгардонии ихтироъкорону навоварон, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят қарори Раиси вилоят «Дар бораи гузаронидани озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд» ба тасвиб расид, ки ҳадаф аз он рушду инкишофи ташаббускорӣ, ҳавасмандии фаъолияти ихтироъкорию навоварӣ, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти иҷтимоиёт ва иқтисодиёти вилоят мебошад.

Декабрь 5, 2018 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид