Футболбозони то 14-солаи Тоҷикистон ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё омода мешаванд

Декабрь 18, 2018 10:30

ДУШАНБЕ, 18.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби то 14-солаи Тоҷикистон оид ба футбол ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё омода мешавад. Аввалин давраи машқҳоро футболбозони тоҷик дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии  Ӯзбекистон ба анҷом расониданд.

Бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё байни футболбозони то 14-сола моҳи сентябри соли 2019 оғоз шуда, баргузории бозиҳои ниҳоии он соли 2020 дар назар аст. Бо мақсади тайёрии хуб ба ин мусобиқаи бонуфуз Федератсияи футболи Тоҷикистон аз ҳоло таваҷҷуҳро ба омодагии хуби футболбозон равона карда, баҳри таҷрибаандӯзи онҳоро ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон равона кард.

Футболбозони мо аз 10 то 16 декабр дар баробари тамринҳо се бозии таҷрибавию дӯстонаи худро  бо дастаҳои “Спартак” (4:1), “Пахтакор” (1:1) ва Академияи “Бунёдкор” (1:3) доир карда, бо як ғалаба, як мусовӣ ва як бохт ба Душанбе баргаштанд.

Тайёрии  дастаи мунтахаби наврасони то 14-солаи Тоҷикистон  баъди соли нав идома меёбад.

Декабрь 18, 2018 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд